Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

... 2 ...
Бо гузашти вақт замин дар зери чархи барин давр заду давр ва он пардаи ғафси зулмот, ки чун марг ба рағми зиндагӣ ин қитъаи хурди коинотро ба зери тасарруфи хеш дароварда буд, аз меҳвари хеш бурун шуд.
Бо шикасти зулмот, ки тӯли чандин соат ҳукмрони замину замон гашта буд, дар кайҳони бекарон охирин ситораҳо ҳам ҷилои хеш аз даст доданд…
Субҳ медамид…
Шаб, шаби сарди зимистон, шаби дарозтар аз қарн дар набарди олам шикаст хӯрд.
Субҳ ки кулли оламиён омаданашро пазмон буданд, чун хайр ба рағми шар бархоста боз фотеҳ шуд…
Фотеҳи замин, фотеҳи замон, фотеҳи вақт…
Онҳое, ки соати 2110 дақиқаи шаби гузашта ба ҷойи ҳодиса ба кӯчаи Сулҳ рафта буданд, бо ҳама азобҳои рӯҳию ҷисмонӣ ба милиса баргаштанд. Сардии ҳавои шабона, бехобӣ дар ниҳоди ҳар яке аз аъзоёни гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ осори хешро гузошта буд.
Аъзоёни гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ қариб даҳ соати расо дар шаби сарди зимистон дар ҷустуҷӯи он нафароне буданд, ки қасд ба ҷони ду тан намуда буданд. Ба ҳамаи даву тозҳои шабона нигоҳ накарда, гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ гиреҳе аз ин ҷиноятро ба даст оварда натавонистанд, ҳарчанд майори милиса Абдумаҷидов, ки сарвари гурӯҳи ҷустуҷӯиро ба дӯш дошт, бар он ақида буд, ки нафаре аз он ду тан алакай ҷазои хешро аз Офаридгор барои кирдори нопокаш бигирифт.
Абдумаҷидов барои собит намудани ин ақидааш далеле ҳам дар даст надошт, вале таҷрибаи кории чандинсола ва дониши мукаммали тахассусӣ вайро ба чунин андешаронӣ ҳидоят мекард.
Ба ҳамаи ташвишу тарадудҳои шабона нигоҳ накарда, аъзоёни гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ вазъи ба амаломадаро, ки дар тарозуи вақт нуфузи милисаро баргузошта буд, ба мадди аввал мегузоштанд. Дар милиса чунин ҳолатҳо аҳён–аҳён ҳам бошад рух медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё