Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Хайр, киро?
– Ҳамон ҷавоне, ки худатро то пеши бино овард.
– Чӣ гап шуд?
– Надонам, агар хоҳӣ, ана, аз тиреза ҳам метавонӣ ӯро бубинӣ.
Субҳия ба паси оинаи тирезаи балкон наздик шуда, ба поён чашм дӯхта гуфт:
– Ба ӯ чӣ шуд? Чаро ӯ дар пеши автомашина болои замини сард хобидааст?
– Чунки кадоме ҳамин чизро мехостааст.
– О, равшантар гап занед!
– Чунки ӯро парронданд.
– Кӣ ӯро парронд?
– Ҳамоне, ки ба ивази ҷони ӯ ҷони хеш ҳам аз даст дод.
– Чӣ тавр?
– Ана ҳамин тавр,– гӯён пиразан набераашро аз ҳодисаҳои чанд дақиқаи охир, яъне аз лаҳзаи аз автомашинаи сафеди хориҷӣ баромаданаш ва то ба остонаи хона пой гузоштанаш шинос кард.
– Маро ягон кас дид?
– Надонам, вале дар берун касе ба назар наменамуд.
– Рафту боз нафаре мисли худат пушти ягон тиреза баҳри дифои рисолаи «доктории» хеш мавод гирд меоварда бошад чӣ?– талх карда гуфт набера.
– Киноягӯиатро бас кун, беҳаё! – гуфт бибӣ.
– Чӣ лозим буд паси тиреза нишастан.
– Ман мехостам ту беҳаёро ба ҷоят шинонам, нашаваду аз натиҷаи шабгардиҳоят боз балое ба сарам биёрӣ, ҳа, дарвоқеъ алакай он балоро ҳам овардӣ. Акнун раву ба милиса занг зан.
– Не, ман наметавонам.
– Набошад ман худам,– гӯён пиразан бо азобе ҷисми хешро, ки тайи ду соати охир болои курсии чӯбин қолаб гирифта буд, бардошт.
– Илтиҷо мекунам, бибиҷон, ин корро накунед.
– Ба кадом хотир, охир ин қарзи шаҳрвандии мост.
– Ба хотири ман, бибиҷон, ба хотири ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё