Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бибахшад кишваре бо бонги рӯде,
Зи мулке дӯсттар дорад суруде.
Зи гармӣ раҳ ба кори худ надонад,
Зи хомӣ ҳеҷ неку бад надонад.
Ҳанӯз аз ишқбозӣ гармдоғ аст,
Ҳанӯзаш шӯри Ширин бар димоғ аст,
Аз ин шӯхи сарафкан сар битобед,
Ки чун сар шуд, сари дигар наёбед.
Ҳамон беҳтар, ки ӯро банд созем,
Чунин бо обу оташ чанд созем?
Магар, к-аз банди мо панде пазирад
В-агарна чун падар мурд, ӯ бимирад.
Шумо гиред роҳашро ба шамшер,
Ки, инак, ман расидам тунд чун шер.
Ба тадбире чунин он шери кинхоҳ
Раъиятро бурун овард бар шоҳ.
Шаҳаншаҳ бахтро саргашта медид,
Раъиятро зи худ баргашта медид.
Ба зар иқболро пурзӯр медошт,
Ба кӯрӣ душманонро кӯр медошт.
Чунин то хасм лашкар дар сар овард,
1
Раъият дасти истило баровард.
Зи бепуштӣ чу оҷиз гашт Парвиз,
Зи рӯи тахт шуд бар пушти Шабдиз.
Дар он ғавғо, ки тоҷ ӯро гиреҳ буд,
Саре бурд аз миён, к-аз тоҷ беҳ буд.
Каёнӣ тоҷро бе тоҷвар монд,
Ҷаҳонро бар ҷаҳонҷӯе дигар монд.
Чу шоҳаншаҳ зи бозиҳои айём
2
Ба қоим рехт бо шамшери Баҳром,
Ба шамшери хилоф ин натъи хунрез
Ба ҳар хона, ки шуд, додаш шаҳ ангез.
Ба сад найрангу дастон, роҳу бероҳ
Ба Озарбойҷон овард бунгоҳ
В-аз он ҷо сӯи Муқон кард манзил,
Муғона ишқи он бутхона дар дил.

БА ҲАМ РАСИДАНИ ХУСРАВУ
ШИРИН ДАР ШИКОРГОҲ

Чунин гӯяд ҷаҳондида сухангӯй,
Ки чун мешуд дар он саҳро ҷаҳонҷӯй,

Ғолиб шудан.
Оҷиз шудан, ҷанг накарда оҷиз шудан.

пешина
аз 349
навбатӣ