Ҳафтахтар Ҷилди 3

Зи ганҷи хусравию мулки шоҳӣ
Фидо кардаш, ки мекун ҳар чи хоҳӣ!
Шиканҷи шарм дар мӯяш наовард,
Ҳадиси рафта бар рӯяш наовард.
Чу медонист, к-он найрангсозӣ
Далеле равшан аст аз ишқбозӣ.
Дигар, к-аз шаҳ нишонҳо буд дида
В-аз он симинбарон лахте шунида.
Сари хум бар майи ҷӯшида медошт,
Ба гил хуршедро пӯшида медошт.
Дилаш медод, то фармон пазирад,
Қавидил гардаду дармон пазирад.
Навозишҳои беандоза кардаш,
Ҳамон аҳди нахустин тоза кардаш.
Ҳамон ҳафтод луъбатро бад-ӯ дод,
Ки то бозӣ кунад бо луъбатон шод.
Дигар раҳ чархи луъбатбоз дасте
Ба бозӣ бурд бо луъбатпарасте.
Чу Ширин боздид он духтаронро,
Зи маҳ пироя дод он ахтаронро.
Ҳамон лаҳву нишот андеша карданд,
Ҳамон бозори пешин пеша карданд.
ГУРЕХТАНИ ХУСРАВ АЗ БАҲРОМИ ЧӮБИН
Калиди фатҳро дандон падид аст,
Ки ройи оҳанин зарринкалид аст.
Зи сад шамшерзан ройи қавӣ беҳ,
Зи сад қолаб кулоҳи хусравӣ беҳ.
Ба ройе лашкареро бишканӣ пушт,
Ба шамшере яке то даҳ тавон кушт.
Чу огаҳ гашт Баҳроми қавирой,
Ки Хусрав шуд ҷаҳонро корфармой,
Сараш савдои тоҷи хусравӣ дошт,
Ба даст овард, чун ройи қавӣ дошт.
Дигар, к-ин туҳматаш бар табъ раҳ кард,
Ки Хусрав чашми Ҳурмузро табаҳ кард.
Набуд огаҳ, ки чун Юсуф шавад дур,
Фироқ аз чашми яъқубӣ барад нур.
Ба ҳар кас номаи пӯшида бинвишт,
Бар эшон кард нақши хубро зишт,
К-аз ин кӯдак ҷаҳондорӣ наояд,
Падаркуш подшоҳиро нашояд.
Бар ӯ як ҷуръа май ҳамранги озар
Гиромитар зи хуни сад бародар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё