Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пайопай шуд ғазалҳои фироқӣ,
Баромад бонги нӯшонӯши соқӣ.
Бути ширин набиди талх дар даст,
Аз он талхиву ширинӣ ҷаҳон маст.
Ба ҳар навбат, ки май бар лаб ниҳодӣ,
Заминро пеши сурат бӯса додӣ.
Чу мастӣ ошиқиро тангтар кард,
Сабурӣ дарзамон оҳанги дар кард.
Якеро з-он бутон биншонд дар роҳ,
Ки ҳар касро, ки бинӣ бар гузаргоҳ,
Назар кун, то дар ин сомон чи пӯяд
В-аз ин сурат бипурсаш, то чи гӯяд.
Басе пурсида шуд пинҳону пайдо,
Намешуд сирри он сурат ҳувайдо.
Тани Ширин гирифт аз ранҷ сустӣ,
К-аз он сурат надодаш кас дурустӣ.
Дар он андӯҳ мепечид чун мор,
Фишонд аз ҷазъҳо луълӯи шаҳвор.

ПАЙДО ШУДАНИ ШОПУР

Баромад ногаҳ он мурғи фусунсоз, Ба оини муғон бинмуд парвоз.
Чу Ширин дид дар симои Шопур, Нишони ошноӣ додаш аз дур.
1 Ба Шопур он зан ӯро бад наафтод,
2 Рақам зад, гарчи бар коғад наафтод, Ишорат кард, к-он муғро бихонед В-аз ин дар қиссае бо ӯ биронед, Магар донад, ки ин сурат чином аст, Чи оин дораду ҷояш кадом аст.
Парасторон ба рафтан роҳ руфтанд, Ба кеҳбад ҳоли сурат бозгуфтанд.
Фусуне зери лаб мехонд Шопур Чу наздике, ки аз коре бувад дур.
Чу пои сайдро дар доми худ дид, Дар он ҷунбиш салоҳ ороми худ дид, Ба посух гуфт, к-ин дур суфтанӣ нест В-агар ҳаст, аз сарипо гуфтанӣ нест.

1 Бо «изғӣ» аст, яъне, гумон, хаёл.
2 Коғад – коғаз. (Дар ҳама нашрҳо «коғаз» омада, қофияро халалдор кардааст). Байтро «Куллиёти «Хамса»-и ҳаким Низомии Ганҷавӣ» (муқаддима ва шарҳи ҳол аз профессор Шиблии Нуъмонӣ, ба эҳтимоми М.Дарвеш. Чопи дувум, Теҳрон, интишороти «Ҷовидон», 1370) чунин шарҳ додааст: «Яъне, ҳарчанд коғазе даркор набуд, аммо рақам ҳадси хубе зад».

пешина
аз 349
навбатӣ