Ҳафтахтар Ҷилди 3

Парасторон бари Ширин давиданд,
Бигуфтанд, он чи аз кеҳбад шуниданд,
Чу Ширин ин сухан з-эшон ниюшид,
Зи гармӣ дар ҷигар хунаш биҷӯшид.
Равона шуд чу симин кӯҳ дарҳол,
1
Дарафканда ба кӯҳ овози халхол,
Бари Шопур шуд бесабру сомон,
Ба қомат чун сиҳисарве хиромон.
Бару бозу чу буллӯрин ҳисоре,
Сару гесӯ чу мушкин навбаҳоре.
Каманде карда гесӯ-ш аз тани хеш,
Фиканда дар куҷо - дар гардани хеш.
2
Зи ширинкории он нақши ҷаммош
Фурӯ баста забону дасти наққош.
Рухи чун луъбаташ дар дилнавозӣ
Ба луъбатбози худ мекард бозӣ.
Дилашро бурда буд он ҳиндуи чуст,
Ба туркӣ рахти ҳиндуро ҳамеҷуст.
Зи ҳинду ҷустани он турктозаш
Ҳама туркон шуда ҳиндуи нозаш.
Ниқоб аз гӯши гавҳаркаш кушода,
Чу гавҳар гӯш бар дарё ниҳода.
Лабеву сад намак, чашмеву сад ноз,
Ба расми кеҳбадон дардодаш овоз,
Ки бо ман як замон чашмошно бош,
Макун бегонагӣ, як дам маро бош!
Чу он найрангсоз овоз бишнид,
Диранг овардан он ҷо маслиҳат дид.
Забондон мардро з-он наргиси маст
Забоне монду он дигар шуд аз даст.
Саноҳои парирух бар забон ронд,
Парӣ биншасту ӯро низ биншонд.
Бипурсидаш, ки чунӣ в-аз куҷоӣ,
Ки бинам дар ту ранги ошноӣ.
Ҷавобаш дод марди кордида,
Ки ҳастам неку бад бисёр дида.
Худой аз ҳар нишебу ҳар фарозе
Напӯшидаст бар ман ҳеҷ розе.
Зи ҳадди Бохтар то буми Ховар
Ҷаҳонро гаштаам кишвар ба кишвар.
Замин бигзор, к-аз маҳ то ба моҳӣ
Хабардорам зи ҳар маънӣ, ки хоҳӣ.
Ҳалқаи заррин ё симини пои занон.
Шӯх, далер.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё