Ҳафтахтар Ҷилди 3

Паранда мурғакон густох-густох,
Шамоил бар шамоил, шох бар шох.
Ба ҳар гӯша ду мурғак гӯш бар гӯш,
Зада бар гул салои нӯш бар нӯш.
Бад-он гулшан расид он нақшпардоз,
Ҳамон нақши нахустин кард оғоз.
Парипайкар чу дид он сабзаи хуш,
Ба май биншаст бо ҷамъе париваш,
Дигар раҳ дид чашми меҳрубонаш
Дар он сурат, ки буд ороми ҷонаш,
Шигифтӣ монд аз он найрангсозӣ,
Гузашт андешаи кораш зи бозӣ,
Дили саргаштаро дунбол бардошт,
Ба пои худ шуд, он тимсол бардошт,
Дар он оина дид аз худ нишоне,
Чу худро ёфт, бехуд шуд замоне,
Чунон шуд дар сухан носоз гуфтан,
К-аз он гуфтан нашояд бозгуфтан.
Луоби анкабутони магасгир
Ҳумоеро, нигар, чун кард нахчир,
Дар он чашма, ки девон хона карданд,
Париро бин, ки чун девона карданд,
Ба чора ҳар куҷо тадбир созанд,
На мардум, девро нахчир созанд.
Чу он гулбаргрӯён бар сари хок
Гули садбаргро диданд ғамнок,
Бидонистанд, к-он кори парӣ нест,
Аҷаб корест, коре сар-сарӣ нест.
Аз он беша пушаймонӣ гирифтанд,
Бар он сурат санохонӣ гирифтанд,
Ки сарбозӣ кунему ҷон фишонем,
Магар, к-аҳволи сурат боздонем.
Чу Ширин дид, к-эшон ростгӯянд,
Ба чора рост кардан чораҷӯянд,
Ба ёрӣ хостан бинмуд зорӣ,
Ки ёронро зи ёрон аст ёрӣ.
Туро аз ёр нагзирад ба ҳар кор,
Худой аст, он ки бемисл асту беёр.
Басо коро, ки аз ёре барояд,
Бибояд ёр, то коре барояд.
Бад-он бутпайкарон гуфт он гуландом,
К- аз ин пайкар шудам бесабру ором.
Биё, то ин ҳадис аз кас напӯшем,
Бад-ин тимсоли нӯшин бода нӯшем.
Дигарбора нишот оғоз карданд,
Май оварданду ишрат соз карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё