Ҳафтахтар Ҷилди 3

Бурандараҳ биёбон дар биёбон Ба кӯҳистони Арман шуд шитобон, Ки он хубон чу анбӯҳ омадандӣ, Ба тобистон дар он кӯҳ омадандӣ.
Чу Шопур омад он ҷо, сабза нав буд, Раёҳинро шақоиқ пешрав буд.
Гирифта сангҳои лоҷвардӣ Зи кисватҳои гул сурхиву зардӣ.
Кашида бар сари ҳар кӯҳсоре Зумуррадгун бисоте марғзоре.
Зи Ҷуррамкӯҳ то Майдони Буғро
1 Кашида хатти гул туғро ба туғро.
Дар он меҳроб, к-ӯ рукни Ироқ аст,
2 Камарбанди сутуни Иншироқ аст, Зи хоро буд дайре Солкарда, Кашишоне бад-ӯ-дар солхӯрда.
Фуруд омад бад-он дайри куҳансол, Бар он оин, ки бошад расми абдол…
НАМУДАНИ ШОПУР СУРАТИ ХУСРАВРО
Шабоҳангом, к-ин анқои фартут
Шикам пур кард аз ин як дона ёқут,
Ба дашти Анҷарак ором карданд,
Ба нӯшонӯш май дар ҷом карданд.
Дар он саҳро фурӯ хуфтанд сармаст,
Раёҳин зери пову бода бар даст.
Чу рӯз аз домани шаб сар баровард,
Замона тоҷи заррин бар сар овард.
Бар он пирӯзатахт он тоҷдорон
Раҳо карданд май бар ҷуръакорон
В-аз он ҷо то дари дайри Парисӯз
Париданд он парирӯён ба як рӯз.
Дар он минӯи миногун чамиданд,
Фалакро ришта дар мино кашиданд.
Бисоте сабз чун ҷони хирадманд,
Ҳавое муътадил чун меҳри фарзанд,
Насиме хуштар аз боди биҳиштӣ,
Заминро дур, ба дарё гул бикиштӣ.
Шақоиқ сангро бутхона карда,
Сабо ҷаъди чаманро шона карда.
Мусалсал гашта бар гулҳои ҳумрӣ
Навои булбулу овози қумрӣ.
Хатти махсус, ҳошия дар амри шоҳон.
Қалъае дар Ҷуррамкӯҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё