Мунтахаби девон

Ҳуснро аз вафо чи озор аст,
Ки ҳамасола бо ҷафо ёр аст?
Худ вафоро вуҷуд нест падид
В-ин ки дар одат аст, гуфтор аст.
Аз буруни ҷаҳон вафо ҳам нест,
К-асараш з-андарун падидор аст.
Чи вафо ин, чи жож мегӯем,
Ки аз ӯ ҳуснро чи озор аст!
То масофи вафо шикаста шудаст,
Ақлам аз офият нагунсор аст.
Ишқро офият ба кор нашуд,
Лоҷарам кори ошиқон зор аст.
Даст дар кори офият нашавад,
Ҳар куҷо ишқ бар сари кор аст.
Ишқ дар хобу ошиқон дар хун,
Доя беширу тифл бемор аст.
Орзӯ мепазем,чӣ т-вон кард,
Суди нокарда сахт бисёр аст!
Эй ки имрӯз бар сари ганҷӣ,
Пой фардо-т бар думи мор аст!
Анварӣ, аз сари ҷаҳон бархез,
Ки на маъшуқаи вафодор аст.
Маъшуқа ба ранги рӯзгор аст,
Бо гардиши рӯзгор ёр аст.
Бас булъаҷабу баҳонаҷӯй аст,
Бас кинакашу ситезакор аст.
Ин муҳташамист бо бузургӣ,
Гар муҳташаму бузургвор аст.
Жож – гапи беҳуда, ҳазён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё