Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Куҷо дидаст беҷода чунон ҳол,
Ки фарзинбанди наълатро пиёд-аст.

Зи модар то ту зодӣ, кас надидаст,
Ки як модар Маҳу Хуршед зодаст.

Аз ин сангиндилӣ бо Анварӣ бас,
Ки бе ту сангҳо бар дил ниҳодаст!


Поям аз ишқи ту дар санг омадаст,
Ақлро бо ту қабо танг омадаст.

Номи ман ҳаргиз набурдӣ бар забон,
Оре, аз номам туро нанг омадаст!

Ҳарчи донӣ аз ҷафо, бо ман бикун,
К-ат забуне нек дар чанг омадаст!

Ҳар касе омад ба истиқболи ман,
Андуҳонат чанд фарсанг омадаст.

Анварӣ, поят зи роҳе бозкаш,
К-андар он ҳар маркабе ланг омадаст!


Корам зи ғамат ба ҷон расидаст,
Фарёд бар осмон расидаст!

Натвон гилаи ту кард, агарчи
Аз дил ба сари забон расидаст.

Дар ишқи ту бар умеди суде
Сад бор маро зиён расидаст.

Ҳар ҷо, ки расам, баробари ман
Андӯҳи ту дар миён расидаст.

Ин об зи фарқ баргузаштаст
В-ин корд бар устухон расидаст!

пешина
аз 328
навбатӣ