Мунтахаби девон

Ба саодат ба сари охури худ бозхиром,
Ки туро поя баланд асту маро по кӯтоҳ!
Ман танаббуҳ шудаму қасди инонаш кардам,
Бахт он ҷо ба ману пояи ман кард нигоҳ,
Гуфт: моро ба дари шоҳ фаромӯш макун,
Ки чу мо ҳаст кунун гирди рикобат панҷоҳ.
Гуфтам: охир, на ҳамоно, ки ман он кас бошам,
Ки ба подоши чунин саъй кунам бодафроҳ!
Кардамаш хушдилу пас пой даровардаму ронд
То ба он садда, ки аз сидра фузун аст ба ҷоҳ,
Саддаи даргаҳи аълои Худованди ҷаҳон
Ки салотини ҷаҳон саҷда барандаш ба ҷибоҳ.
Шоҳи ҳайдардил ҳошимтабаъи аҳмадном,
Ки зи гардун-ш сарир асту зи хуршед кулоҳ,
Он ки бо ханҷари ӯ ҳаст қазо корафзой
В-он ки дар ҳазрати ӯ ҳаст қадар корогоҳ.
Дар шудам, ҷон ба тараб рақскунон, дар пайи тахт,
Гуфтӣ, андар сари ман ҳуш наво мезаду роҳ.
Чун аз ӯ ҳоҷиб борам бисутуд, мискин гуфт:
Омад, инак, ба сарам он чи гумон бурдам, оҳ!
Соҳибаш гуфт: маозаллаҳ, аз ӯ бозмагард,
Вайҳак, ин ришта ҳамасола чунин бод дутоҳ!
З-ин қадам ман чу равӣ гаштам, бахтам чу радиф,
Ҳолҳо низ бигардад чу насақ гоҳ ба гоҳ.
Ҳарду моро ба сари моида бурданд, ки чарх
То нашуд соими мо, зоғ нагуфтем салоҳ.
Танаббуҳ – бедор, ҳушёр.
Бодафроҳ – ҷазои гуноҳ, мукофоти бадӣ.
Садда – дарахти сада, сабда, сабада.
Сидра – дарахте дар осмони ҳафтум.
Ҷибоҳ – ҷамъи ҷабҳа, пешонӣ.
Маозаллаҳ – дар паноҳи Худо, Худо нигаҳ дорад; вайҳак – вой бар ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё