Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ба Ҷайҳун бирасидем, зи ман ҳуш бирафт,
Гуфт: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ».

Боз ин содадилиҳои ҳакимон овард,
Чи кунам, то накунам маслиҳати хеш табоҳ.

Рафту барбаст изорею ба Ҷайҳун-дар ҷаст
В-андар он ҷаст ба як дам бигузашт ӯ ба шиноҳ.

Боз бозомаду гуфто, ки бидидӣ, саҳл аст,
Дарнишин, хезу макун вақти гузаштан бегоҳ.

Киштӣ оварду нишастем дар ӯ ҳарду баҳам
Чун ду ёр – ӯ ҳама ёридеҳу ман – ёрихоҳ.

Ӯ чу шере ба яке гӯшаи киштӣ бинишаст,
Ман сар андарзану берунзан ҳамчун рӯбоҳ.

Охируламр чу киштӣ ба саломат бигузашт,
Ҷастам аз киштию омад ба лаби киштигоҳ.

Арсае дидам чун ҷону ҷавонӣ ба хушӣ,
Шодиафзой чу ҷону чу ҷавонӣ ғамкоҳ.

Гуфтам: «Эй бахт, биҳишт аст саводи Тирмиз,
Гуфт: «Розӣ машав аз равзаи ризвон ба гиёҳ,

Бош, то шаҳр бибинию дар ӯ бори малик,
Бош, то қалъа бибинию дар ӯ арзи сипоҳ!»

То дар ин будам, гарде зи дари шаҳр бихост,
Гуфтам: «Он кист?» Маро гуфт: «Ҷанибаткаши шоҳ».

Офарин кардам бар шоҳ, ки андар ду ҷаҳон-ш
Офаринанда зи ҳар ҳодиса дород нигоҳ.

Омад алқиссаву овард ҷанибат пешам,
Дидаи ман чу дар он шаклу шабаҳ кард нигоҳ,

Устуре буд сияҳ, зери муаррақ зине,
Рост, чун тирашабе баста бар ӯ якшаба моҳ.

Бӯса додам суму зонуву рикобаш ҳарсе,
Гуфтам, эй рӯзи Буроқ аз ту чу ранги ту сиёҳ!

пешина
аз 328
навбатӣ