Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамчунон ҷумлаи роҳам ба саломат мебурд,
На дар он табъ малолат, на дар ин тавъ икроҳ.

То ба ҳадде, ки маро дод ҳаме масҳиюкафш,
То ба ҷое, ки ҳамедод харамро ҷаву коҳ.

ХавфиҶайҳун магар андар суханам пайдо шуд,
Ки ҳама раҳ суханам буд зи анҳору миёҳ.

Рух ба ман карду маро гуфт, ки ин ҷӯй бубин, -
Эй басо ҷастани ман дида зи ҷӯю аз чоҳ, -

Андар он аҳд, ки таълим ҳамедод он ҷо,
Чанд каррат бар забон ронд, ки «Мошоаллоҳ»!

Биллаҳ, ар нимаи ин бошад Ҷайҳун сад бор,
Абдаҳу пеш навиштаст бад-ин ҷӯю фидоҳ.

Гуфтам: оре, чу чунин аст, кунун боке нест,
Ки зи мо манъ барояд, зи шумо ҳаст икроҳ.

Тавъ – аспи нарминон.
Икроҳ – маҷбурӣ.
Миёҳ – ҷамъи моъ (моҳ) – об.
Дар «Шарҳи мушкилоти «Девони Анварӣ» зимни тавзеҳи ин чанд байти марбута чунин омадааст:
«Андар он аҳд, ки таълим ҳамедод он ҷо, Додаре чанд гаҳат «Мадхал»-и Мошоаллоҳ.
«Додар», ба касри «дол»-и сонӣ ва соҳиби «Шарафнома» ба фатҳи он гуфта – бародар. «Мадхал», ба фатҳи «мим» ва «хо»-и муъҷама, китобест «дар ақсоми нуҷум аз ҳакими фозил Мошоаллоҳи Мисрӣ. Яъне, ту дар айёми кӯдакӣ, ки дар пеши бародаре «Мадхал»-и Мошоаллоҳи Мисрӣ мехондӣ, бисёр аз ҷӯи обу чоҳ бармеҷастӣ ва аз инҳо андеша намекардӣ. Ва ман худ ин маъниро дар ту мушоҳида кардаам. Ва ин маънӣ бар тақдирест, ки мисраи аввали байти собиқ чунин бошад:
Эй басо ҷаставу ман дида зи ҷӯю аз чоҳ.
Камо фӣ (чунон ки дар) аксар-ул-нусах ва аммо агар чунин бошад, ки Эй басо ҷастани ман дида зи ҷӯю аз чоҳ, Камо фӣ, маънӣ он аст, ки бахт дар он ҷӯ шиноварӣ кард ва гуфт, ки шиноварии маро бубин, эй он ки дар вақти хондани «Мадхал» шиноварии маро дидаиву диловарии маро озмудаӣ.
Ва бояд донист, ки ин байт ба тариқе, ки дар ин мухтасар навишта шуда, мувофиқи нусахи қадиму нақли соҳиби «Шарафнома» аст ва илло дар нусахи ҷадид чунин мактуб аст, ки:
Андар он аҳд, ки таълим ҳамедод он ҷо, Чанд каррат ба забон ронд, ки «Мошоаллоҳ!»
ва маънӣ зоҳир аст!»
Абдаҳу – шоири қадими араб.
Фидоҳ – фидо, ҷонам фидот.
Икроҳ – кароҳат, нафрат.

пешина
аз 328
навбатӣ