Мунтахаби девон

Чун зи иброми лабам дасти фалак шуд фориғ,
Гуфт бахтам: хунуко, кафш бинеҳ, мӯза бихоҳ!
На Калимӣ ту дар ин Тӯр, ки гирӣ кам теҳ,
На Азизӣ ту дар ин Миср, ки гирӣ кам чоҳ!
Битакӣ чанд, бихон лоиқи ин ҳолу бирав,
Бар ғуломони малик танг чи дорӣ хиргоҳ?!.
Ин ҳама гуфтаму ӯ даст ҳамекӯфт, ки не,
Тарки фармон ҳамаи ҳол гуноҳ асту гуноҳ!
САВГАНДНОМАИ ТУҲМАТЕ, КИ
БАР ВАЙ БАСТА АҲОЛИИ БАЛХ
Эй мусулмонон, фиғон аз даври чархи чанбарӣ
В-аз нифоқи Тиру қасди Моҳу сайри Муштарӣ.
Кори оби нофеъ андар машраби ман оташест,
Шони хоки сокин андар кулбаи ман сарсарӣ.
Осмон дар киштии умрам кунад доим ду кор –
Вақти шодӣ бодбонӣ, гоҳи андуҳ лангарӣ.
Гар бихандам в-он ба ҳар умрест, гӯяд: заҳр ханд
В-ар бигирям, он ҳама рӯз аст, гӯяд: хун гирӣ!
Бар сари ман миғфаре кардӣ кулаҳ в-он даргузашт,
Бигзарад бар тайласонам низ даври миъҷарӣ.
Рӯзгоро, чун зи анқоме наомӯзӣ субот,
Чун заған то чанд соле модагӣ, соле нарӣ?!
Беҳ биюсӣ аз ҷаҳон, донӣ, ки чун ояд маро
Ҳамчунон, к-аз поргин уммед кардан кавсарӣ.
Аз ситамҳои фалак, чандон, ки хоҳӣ, ранҷ ҳаст,
Восиқам, зеро ки бо ман ҳам бар ин гунбад-дарӣ.
Ибром – талаби қатъӣ, исрор, безор кардан.
Теҳ – биёбон.
Тайласон – ҷомаи васеъу дарози беостини рӯҳониён;
Миъҷар (маъҷар) – пӯшиш; рӯпӯш, чашмбанд.
Биюсӣ – аз юса, яъне арра; арра бикунӣ; маҷозан ҷудо бикунӣ.
Поргин – ҳавзаке, ки дар он оби сарой, матбах ва ғуслхона ҷамъ бишавад.
Восиқ – дилпур, мутмаин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё