Мунтахаби девон

Гӯиё, то осмонро расми даврон омадаст,
Додаандӣ фитнаро қутбӣ, балоро меҳварӣ.
Гар бигардонад ба паҳлӯ ҳафт кишвар мар-туро,
Як тан аз мардум нагӯяд, к-аз кадомин кишварӣ?!
Баъди мо, к-андар лагадкӯбӣ ҳаводис чанд бор
Бахти шӯрам ханҷарӣ кардасту давраш ханҷарӣ,
Хайр-хайрам кард соҳибтуҳмат андар ҳаҷви Балх,
То ҳаме гӯянд: кофарнеъмат омад Анварӣ!
Қуббаи исломро ҳаҷв, эй мусулмонон, кӣ гуфт,
Ҳошиаллаҳ, биллаҳ, ар гӯяд, ҷуҳуди хайбарӣ!
Осмон, ар тифл будӣ Балх, кардӣ доягӣ-ш,
Каъба донад кард маъмури ҷаҳонро модарӣ.
Ифтихори хонадони Мустафо дар Балху ман
Карда ҳам салмонӣ андар хидматаш, ҳам бӯзарӣ?
Маҷдидин Бӯтолиб, он олам, ки як раҳ шуд дар ӯ
Ақли кул, он карда аз беруни олам Азҳарӣ;
Он низоми давлату дин, к-интизоми адли ӯ
Дар дили ағсон кунад боди саборо раҳбарӣ;
Он, ки нобинои модарзод агар ҳозир шавад,
Дар ҷабини оламорояш бубинад меҳтарӣ;
Дар паноҳи сиддаи ҷоҳи раъиятпарвараш
Бар уқоби осмон фармон диҳад кабки дарӣ;
Ҳам нубувват дар насаб, ҳам подшоҳӣ дар ҳасаб,
Ку Сулаймон, то дар ангушташ кунад ангуштарӣ;
Маснади қозиқузоти Шарқу Ғарб афрошта
Он, ки ҳаст аз маснадаш аббосиёнро бартарӣ;
Ҳошиаллаҳ – паноҳ ба Худо; Хайбар – мавзеъ дар наздикии Мадина, ки шаҳри яҳудон буд.
Салмон – Салмони Форс, саҳҳобаи содиқи Муҳаммад-пайғамбар.
Бӯзар – Абӯзар, саҳҳобаи Муҳаммад-пайғамбар, ки ба ӯ бевафоӣ кард.
Ағсон – шохаҳои дарахтон.
Сидда – бузургӣ, сардорӣ.
Ҳасаб – қадр, андоза; шараф, бузургӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё