Мунтахаби девон

Он, ки пеши килку нутқаш – он ду сеҳр, он гаҳ ҳалол,
Сад чу ман ҳастанд чун гӯсола пеши Сомирӣ;
Обу оташро агар дар маҷлисаш ҳозир кунанд,
Аз миёни ҳарду бардорад шукӯҳаш доварӣ;
Гӯ, Ҳамидуддин, ки гар вақте бихоҳӣ, дар ду лафз
Мутлақан ҳарч-он ҳамид аст, аз сифоташ бишмарӣ,
Дар замони ӯ ҳунар, на-шгифт, агар қимат гирифт,
Гавҳар аст, оре, ҳунар, ӯ – подшоҳи гавҳарӣ!
Хоҷаи миллат Сафиуддин Умар дар садри шарҳ,
Он, ки набвад девро бо сояи ӯ қодирӣ;
Муфтии Машриқ, имоми Мағриб, он, к-аз рутбаташ
Арш зебад минбараш, гӯ, то-ш кардӣ минбарӣ;
Ҳукми дин ҳар соат аз фатвои ӯ фарбеҳтар аст,
Дидаӣ фарбеҳкуне аз килки ӯ аз лоғарӣ?
З-эҳтисоби тақвии ӯ кард он, к-андар кусуф
Офтоб андар ҳиҷоби Маҳ шуд аз он бечодарӣ;
Аз рухаш ҳар рӯз фоли Муштарӣ гирад ҷаҳон,
Кист он, к-ӯ нест фоли Муштариро муштарӣ!
Зулфиқори нутқи Тоҷуддин шариатро ба даст –
Он ба маънӣ тавъамон бо Зулфиқори ҳайдарӣ;
Булбули бӯстони дин, к-аз ваҷди маҷлисҳои ӯ
Субҳро чун гул табиат гашт пероҳандарӣ;
Тавба кардандӣ, агар дарёфтандӣ маҷлисаш
Ҳам Маҳ аз наммомиву ҳам Зуҳра аз хунёгарӣ;
Ман намедонам, ки он ҷинси суханро ном чист,
Не нубувват метавонам гуфтанаш, не соҳирӣ;
Сеҳр чун гӯям, ки тартибаш баёни муъҷиз аст,
Муъҷизоташ метавон гуфтан, вале дар шоирӣ;
Наммомӣ – ғаммозӣ, пурғамзагӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё