Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соқиёни лаҳҷаи ӯ, чун шароб андардиҳанд,
Ҳуш гӯяд гӯшро: ҳон, соғарӣ кун, соғарӣ!

Бозуи бирҳон зи тақрири Низомуддин қавист,
Он, ки аз таъзим кардӣ Ҷабраилаш чокарӣ;

Он, ки бар асрори шаръ андарзамон воқиф шавӣ,
Аз варақҳои замираш як варақ гар бишмарӣ;

Н-омадӣ авроқи итбоқи фалак ҳаргиз тамом,
Гар замири ӯ накардӣ илми динро дафтарӣ;

Ворисони анбиё, инак, чунин бошанд, к-ӯст -
Илму тақвӣ бениҳоят, пас тавозуъбарсарӣ;

Дар санои ӯ агар оҷиз шавам, маъзур дор,
То куҷо бошад, тавон донист, ҳадди шоирӣ!

Лошаи мо кай расад он ҷо, ки рахши ӯ кашанд, кушанд
Корвонӣ кай расад ҳаргиз ба гарди лашкарӣ!

Бо чунин суккон, ки гар аз қадрашон иқде кунанд,
Фориғ ояд чархи аъзам аз чи – аз безеварӣ!

Ҳаҷв гӯям Балхро? – Ҳайҳот, ё Раб, зинҳор,
Худ тавон гуфтан, ки зангор аст зарри ҷаъфарӣ?!

Биллаҳ, ар бар ман тавон бастан ба мисмори қазо
Ҷинси ин бадсиратӣ ё мисли ин бадгавҳарӣ!

Хотами ҳуҷҷат дар ангушти Сулаймони сухан
Ифтаро кардан бар ӯ даргирад аз деву парӣ?

Эй ба расми хилъат аз оғози даврон дошта
Торами қадри туро ҳиндуи ҳафтумахтарӣ.

Боздон, охир, каломи ман зи манҳули ҳасуд,
Фарқ кун нақши илоҳиро зи нақши озарӣ!

Бирҳон – бираҳон, раҳо кун.
Тақрир – муқарраркарда, тасдиқкарда.
Итбоқ – табақҳо, қабатҳо.
Ифтаро – туҳмат.
Ҳиндуи ҳафтумахтарӣ – сайёраи Зуҳал.
Манҳул – дурӯғ, бофта; шеъри шоиреро аз номи худ ё дигаре муаррифӣ кардан.

пешина
аз 328
навбатӣ