Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Айши ман з-ин ифтиро талхӣ гирифту ту ҳанӯз
Чарбаки ӯ ҳамчунон чун ҷони ширин мехӯрӣ!

Мардро чун мумталӣ шуд аз ҳасад кор, ифтирост,
Бадмизоҷонро қай афтад дар маҷолис аз парӣ!

Чун мар-ӯро возеъи харнома гирад риши гов,
Гови ӯ дар хирмани ман бошад аз кунихарӣ!

Он намегӯям, ки дар таййи забон н-овардаам
Аз ҳиҷогон назди ман бобе бувад аз кофарӣ,

Гар ба хотир бигзаронидастам андар умри хеш
Ёбиам чун он ки гурги Юсуф аз туҳмат барӣ.

Ҷовидон безорам аз зоте, ки безорӣ аз ӯ
Ҳаст дар бозори дин саррофи ҷонро безарӣ;

Он тавоноиву биноӣ, ки дар атвори ғайб
Доми бадбахтӣ ниҳоду донаи некахтарӣ;

Он, ки таъсири сабои сунъи ӯро омадаст
Гулфишони ахтарон бар гунбади нилуфарӣ;

Он, ки хори аждаҳо дандони ақрабнешро
Шаҳнагӣ додаст бар иқтоъи гулбаргитарӣ;

То ба зулфи сояи шаб хокро тазйин надод,
Рӯз бар гӯши шафақ нанҳод зулфи анбарӣ,

Боз шуд, чун қудраташ гесӯи шабро шона зад,
Дар хами абрӯи гардун дидаҳои абҳарӣ,

Базми сунъашро зи нилуфар чу гардун уд сӯхт,
Офтобу об кард, ин оташе, он миҷмаре…

Он, ки дар лавҳи забонҳо хатти аввал номи ӯст,
Ин ҳамегӯяд илаҳ, он эзаду он тунгарӣ;

Мумталӣ – пур.
Риши гов – масхара.
Кунихарӣ – нодонӣ, беақлӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ