Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо дил ҳама шаб ҳадиси ту мегӯям,
Бӯи ту зи ҳар боди саҳар меҷӯям.
Рухсора ба оби дидагон мешӯям,
То рӯзи дигар зард набошад рӯям.

Моему суроҳиву шаробе равшан,
Мурғе дуву нони чанду нозон ду-се тан,
Аз меваву райҳон қадаре себу суман,
Бархезу биё, чунон ки дӣ назди ту ман!

Эй дил, чу ғами нават диҳад чархи куҳун,
Чун корнадидагон машав бесарубун!.
Ё ишваи кӯдакона мехар ба сухун,
Ё тан зану оқилона сабре мекун!

Эй дил, магузор умр чун бехабарон,
Эмин манишин зи рӯзгори гузарон,
Ту тоқ наӣ, бо ту ҳамон хоҳад кард
Айём, ки карду мекунад бо дигарон!

Боғест чу бар баҳор аз ранги хазон,
Айше, ки ба умрҳо тавон гуфт аз он,
Ёрон ҳама ангуштзанон гирди разон,
Ман дар ғами ту бимонда ангуштгазон.

Гуфтам чу нашуд ба ишқ ройи дили ман,
Холӣ шавад аз бутон саройи дили ман,
Кай донистам, ки ишқ, эй ҷони ҷаҳон,
Гирад ба ҳазор даст пойи дили ман!

Чашмам зи ҳама ҷаҳон фароз аст акнун
В-ин дида ба дидори ту боз аст акнун,
Гуфтори ҳама ҷаҳон маҷоз аст акнун,
Моро ба ҷамоли ту ниёз аст акнун!

Он моҳ, ки моҳи нав сазад ёраи ӯ,
Хуршеди май аз нишоти назораи ӯ,
Чун гирад акс аз лаби майхораи ӯ,
Сар барзанад аз машриқи рухсораи ӯ!

Дасте на, ки густох бикӯбад дари ту,
Пое на, ки озод бипӯяд дари ту.
Бо нози ту ҳар саре надорад сари ту,
Донӣ, ки кашад бори туро? – ҳам хари ту!

пешина
аз 328
навбатӣ