Мунтахаби девон

Аз дасти ман аст шод,гӯӣ, ғами ту,
Ҷуз дард маро назод, гӯӣ, ғами ту,
Бар ҳар мижае, то ки зи ман дур шудӣ,
Симин гуҳаре ниҳод, гӯӣ, ғами ту.
Дил дарди ту ёдгор дорад бе ту
В-андӯҳи ту дар канор дорад бе ту,
Бо ин ҳама ман зи ҷон ба ҷон омадаам,
То дар тани ман чи кор дорад бе ту!
Пое, ки маро назди ту буд роҳнамой,
Дасте, ки бад-он хостамат ман зи Худой,
Он пой маро чунин биафканд зи даст
В-он даст маро чунин даровард зи пой!
Чун хоки замин гарчи инонкаш бошӣ
В-аз боди ҷафои чархнохуш бошӣ,
Зинҳор, зи дасти нокасон оби ҳаёт
Бар лаб набарӣ, гарчи дар оташ бошӣ!
Шоҳо, чу ту чашми осмон бинад? Не!
Хуршед ба пояи ту биншинад? Не!
Он ҷо, ки ту домани карам афшонӣ,
Аз хок ба ҷуз ситора кас чинад? Не!
Гаҳ-гаҳ чу кунам ба ваҳм шабпаймоӣ,
Ёд оядам аз фироқат, эй биноӣ,
Андеша кунам, ки боз дар ҳашр охир
Чун ҷони манӣ, ба қолабам бозоӣ?!
Эй зар, на барои илтифоти моӣ,
Гар ҷон гардӣ, ба ҷони мо дарн-оӣ!
Он гаҳ, ки ҳазор кори мо бикшоӣ,
Ҳам ҳалқаи пои устуронро шоӣ!
Дар кори дилам на як нафас ёр оӣ,
На бо мани дилшикаста даркор оӣ,
Бо ин ҳама чун моҳи нав, эй моҳи тамом,
З-ин моҳ бад-он моҳ падидор оӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор