Мунтахаби девон

Дил фарқ намекунад ҳаме дона зи дом,
Ройе-ш ба ҷомеъ асту рой-еш ба ҷом.
Бо ин ҳама мову майу маъшуқа мудом,
Дар мастаба пухта беҳ, ки дар ҷомеа хом!
Ҳар лаҳза, ки аз ҷамолат ояд ёдам,
Аз чархи кабуд бигзарад фарёдам!
В-ар з-он ки ба ҷои об оташ бодам,
Ман хок шавам, то ба ту орад бодам!
Дар кӯи ғамат ҳазор манзил дорам
В-аз дасти ту пои сабр дар гил дорам,
Дар кори ту сахт кори мушкил дорам,
Дил нест падиду сад ғами дил дорам!
Аз пушти хамида чанг мепардозам,
В-аз дида зихуни дил бирешим созам,
Эй ишқ, ба ҳангоми задан бинвозам
В-эй бод ба маъшуқ расон овозам!
Май нӯш кунам, валек мастӣ накунам,
Илло ба қадаҳ дароздастӣ накунам,
Донӣ, ғаразам зи майпарастӣ чи бувад? –
То ҳамчу ту хештанпарастӣ накунам!
Бозичаи даври осмонам, чи кунам?
Саргаштаи гардиши ҷаҳонам, чи кунам?
Аз ҳарчи ҳамекунам, пушаймон гардам,
Оё чи кунам, чу менадонам чи кунам?!
Кас нест ғамандӯхтатар, з-ин ки манам,
Бо дарди дил омӯхтатар, з-ин ки манам.
Гуфтӣ, ки наӣ ба ишқ-дар пухта ҳанӯз,
Хоме чи кунӣ сӯхтатар, з-ин ки манам!
Бо гул гуфтам: чун ба чаман баргузарем,
Чун аз ҳама доғи орзӯи ту барем.
Гул гуфт маро: чу нек дарменигарем,
Аз рӯи бақо баробари якдигарем!
Субҳоналлаҳ, ғаме ба поён набарем,
Илло, ки аз ӯ дар дигаре менигарем.
Он шуд, ки ситора мешумурдем ба рӯз,
Акнун ҳама рӯзу шаб нафас мешумарем!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор