Мунтахаби девон

Ҳастам шабу рӯз рӯзу шаб дар тадбир,
То хасми туро чун кушам, эй бадри мунир.
Ҳон, то зи қасоси ман натарсӣ, ки маро,
Ҳам гардани теғ ҳаст, ҳам синаи тир!
Гармоба ба коми Анварӣ буд имрӯз,
К-он ҷо санаме чу Муштарӣ буд имрӯз,
Гӯянд, ба гармоба ҳамин дев бувад,
Чун аст – ба гармоба парӣ буд имрӯз!
Аз хоки дари ту гар кунам рои гурез,
Бо даст чу нест бо ту парвои гурез.
Ғам оби дилам бибурд, ку дасти висол,
Ҷон бар сари оташ аст, ку пои гурез?!
Моем дар ин гунбади деринаасос,
Ҷӯяндаи рахнае чу мӯр андар тос,
Ҳайрон шуда дар манзили умеду ҳарос
Саргаштаву чашмбаста чун гови харос!
Эй маснади ту қоидаи давлати гул,
Хасмат, ки зи иззи туст дастихуши зул,
Бе қадр чу хор боду камумр чу гул,
Чун об хурӯшону лагадкӯб чу пул!
З-ин умри ба таъҷил давон сӯи завол,
Донӣ, ки маро ҷаҳон чи ояд ба хаёл? –
Даште монад зи дарди дил миломил,
Таште монад зи хуни дил моломол!
Дар ҳаҷр ҳаме бисӯзам аз шарми хаёл,
Дар васл ҳаме бисӯзам аз бими малол,
Парвонаи шамъро чунин бошад ҳол,
Аз ҳаҷр бисӯзаду бисӯзад зи висол!
Манзил дур асту рӯз бегоҳ, эй дил,
Раҳ рав, макаш интизори ҳамроҳ, эй дил.
Биштоб, ки мунқатеъфаровон ҳастанд,
Роҳ аст дарозу рӯз кӯтоҳ,эй дил!
Онам, ки надонам на вуҷуду на адам,
Донам, ки надонам на ҳудусу на қидам.
Май донаму мутрибу ҳарифе ҳамдам,
Мастиву тараб фузуну ҳушёрӣ кам!
Ҳудусу қидам – наву куҳна; назарияи фалсафие, ки аз азалӣ ва ё баъдан офарида шудани дунё баҳс мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор