Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй косаи ту сиёҳу деги ту сафед,
Аз оташу об ҳарду бибрида умед,
Ин шуста намешавад, магар аз борон
В-он гарм намешавад, магар аз хуршед.

Гар банда зи об мебитарсад, шояд,
Мактуб ҳаме далерие бинмояд
Охир, ду-се хидматам аз он сӯ омад,
Бошад, ки яке ҷавоб аз ин сӯ ояд!

Дар мастӣ агар бибурд хобам, шояд,
Май дида бубандад арчи, дил бикшояд,
Бедор зи модарон чу ту кам зояд,
Бахти ту наям, ки ҳеҷ хобам н-ояд!

Бо гул гуфтам: абр чаро мегиряд,
Мотамзада нест, бар куҷо мегиряд?
Гул гуфт: агар рост ҳамебояд гуфт,
Бар умри ману аҳди шумо мегиряд!

Шуд умру замонаро ҷавобе нарасид
В-аз номаи орзӯ савобе нарасид.
Дасте, ки ба домани қаноат назадем,
Дардо, ки ба домани муроде нарасид.

Эй дида, ба ҳарза ашк беҳуда мабор,
Дилтангии ман бас аст, дил танг мадор.
Ошиқ ту наӣ, гиристан кори ту нест,
Кори мани бечора ба ман бозгузор!

Ишқи ту маро зеру забар кард охир,
Аз сар то по зи пову сар кард охир
В-он дил, ки маро гум шуда буд чандин вақт,
Ҳам сар зи гиребони ту даркард охир!

Мо ин ҳама ғам бо кӣ гузорем, охир
В-ин ғуса даме бо кӣ барорем, охир?
Кас нест, ки бо ӯ нафасе битвон зад,
Танҳо ҳама умр чун гузорем, охир!

Бар ман шаби ҳаҷри ту сар ояд охир,
Ин субҳи висоли ту барояд охир,
Дасте, ки зи ҳиҷрони ту бар сар дорам,
Аз васл ба гарданат дар ояд охир!

пешина
аз 328
навбатӣ