Мунтахаби девон

Дилдор дили маро зи тан дур афканд
В-аз зулфи камонам ба сухан дур афканд.
Имрӯз, ки пай ба чини зулфаш бурдам,
Бурд аз паси гӯши хештан, дур афканд!
Гулҳо чу ба боғ ҷилваро соз кунанд,
Дар ғунча нахуст ҳафтае ноз кунанд,
Чун дида ба дидори ҷаҳон боз кунанд,
Аз шарми рухат рехтан оғоз кунанд!
Ин тоифа, к-аз мурувват оин накунанд,
З-эшон на бас ин ки бухлро зин накунанд?!
Он шуд, ки ҳаме ба шеър эҳсон кардӣ,
Имрӯз ҳаме ба шеър таҳсин накунанд!
Чашми ту дар оина ба чашми ту намуд,
Бар чашми ту фитна гашт ҳам чашми ту зуд.
Чашми хуши ту чашми туро кард бачашм,
Пас офати чашми ту ҳам аз чашми ту буд!
Шабҳо зи ғамат ситам кашам, бояд буд
В-аз меҳнати ту бар оташам бояд буд,
Бас рӯзи дигар, то пайи ғам кӯр кунам,
Бо ин ҳама нохушӣ хушам бояд буд!
Дил дархури суҳбати дилафрӯз набуд,
З-он бар мани дилсӯхта дилсӯз набуд.
З-он шаб, ки бирафту гуфт хуш бод шабат,
Ҳаргиз шаби ҳиҷрони маро рӯз набуд!
Дӯшам зи фироқи ту ҳама шеван буд,
Чашмам чу пур аз хун шуда парвезан буд.
Бар ҳар мижа хуне, ки маро дар тан буд,
Чун донаи нор бар сари сӯзан буд!
Май хӯрдам дӯш, кам ғами афзун шуда буд
В-аз дида хаёли дӯст берун шуда буд,
Донӣ, ки қадаҳ ба дасти ман чун шуда буд? –
То май хӯрдам, қадаҳ пур аз хун шуда буд!
Онро, ки хирад маслиҳатомӯз шавад,
Кай дар ғами иду банди Наврӯз шавад?
Идӣ шумарад, ки иди наврӯз шавад,
Ҳар шаб, ки баофият бар ӯ рӯз шавад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор