Мунтахаби девон

Хоки қадами ту тоҷи хуршед арзад,
Як рӯз ғамат ба умри ҷовид арзад.
Шукр Эзидро, ки аз ту навмед шудам
В-ин навмедӣ ҳазор умед арзад!
Ройи ту ба ҳеҷ рӯй хурсанд нашуд,
То бар ҳама хусравон худованд нашуд.
Роёти ту аз ройи фалак напсандид,
То мулки Хуросон чу Самарқанд нашуд.
Зулфи ту ба фитна боз берун омад,
Ин кор, кӣ донад, ба куҷо анҷомад.
Ором деҳаш ду рӯз дар зери кулоҳ,
Бошад, ки даме фитна фурӯ оромад!
То торами нуҳ сипеҳр оростаанд,
То боғи чаҳор тарҳ пиростаанд,
Дар хор фузудаву зи гул костаанд,
Чи твон кардан, чу инчунин хостаанд!
Бо рӯи ту аз офият афсона бимонд,
Дар чашми ту ақли шӯх девона бимонд.
Айём зи фитнаи ту дар гӯша нишаст,
Хуршед зи сояи ту дар хона бимонд!
Моро ба ҷуз аз ниёзи ту чиз намонд,
Дар кисаи ақл нақди тамйиз намонд.
Гаҳ-гоҳ ба оби дида дилхуш будӣ,
Чандон бигиристаам, ки он низ намонд!
Чашму дили ман, ки ҳарчи гӯям, ҳастанд,
Дар хасмии ман ба машварат биншастанд,
Аввал поям ба зӯри ғам бишкастанд
В-охир дастам зи беғамӣ барбастанд!
Ёрони муваффақ ҳама аз даст шуданд,
Дар пои аҷал ягон-ягон паст шуданд,
Буданд ба як шароб дар маҷлиси умр,
Дардо, ки зи мо пештарак маст шуданд.
Шодам ба ту, гар фалак ҷуз инам накунад,
В-он-ч аз ту гумон аст, яқинам накунад.
Акнун боре дасти ману домани ту,
Гар чарх сазо дар остинам накунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор