Мунтахаби девон

Ҳар тирашабе, ки раҳ ба рӯзе набарад,
Гардун ба ҳисоби умри ман баршумарад,
Бо ин ҳама мотами фироқаш дорам,
Гарчи ба ҳазор гуна меҳнат гузарад!
Сад парда фалак шабе зи ман бардорад,
То рӯзи чу шаб зи парда берун орад.
Аз дасти шабу рӯз ба шаб бигрезад
Он кас, ки чу рӯзи ман шабе бигзорад.
Гар якшаба васли ту дилам озорад,
Яксола фироқаш фалак оғоз орад,
Сад рӯз аз ин ки мегузорам, бидиҳам
Гар даври фалак аз он шабе боз орад!
Боди саҳарӣ гузар ба кӯяш дорад,
З-он бӯи бунафшазор мӯяш дорад.
Дар пираҳани ғунча намегунҷад гул
Аз шодии он ки ранги рӯяш дорад!
Бинанда, ки чашми офиятбин дорад,
Май хӯрдаву маст хуфтан ойин дорад.
То ҷон дорам, ба даст-бархоҳам дошт,
Талхе, ки ҳазор ҷони ширин дорад!
Дил гарчи ғамат зи ҷон ниҳон медорад,
Ашкам ҳама хӯрда дар миён медорад.
Ҷон бе ту кунун фироқи тан металабад,
Тан бе ту кунун мотами ҷон медорад.
Дил дар ғами ту гар ба масал ҷон набарад,
Сар дарбозад ба сабру фармон набарад.
З-он метарсам, ки умри кӯтоҳи дилам
Ин дарди дарозро ба поён набарад!
Он к-ӯ ба мани сӯхтахирман нигарад,
Раҳм орад, агар ба чашми душман нигарад.
Онро, ки ба ишқ рағбате ҳаст, куҷост,
То ранҷа шавад нахусту дар ман нигарад!
Чун дасти ғами ту домани ман гирад,
Камтар ғами ҷон бувад, ки доман гирад,
Аз дӯстии ту ман нагардонам рӯй,
Гар рӯи замин ба ҷумла душман гирад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор