Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чашмам зи ғамат баҳри ақиқе, ки бисуфт,
Бар чеҳра ҳазор гул зи меҳрат бишукуфт,
Розе, ки дилам зи ҷон ҳамедошт нуҳуфт,
Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт!

Мискин дили ман чу маҳрами роз наёфт
В-андар қафаси ҷаҳон ҳамовоз наёфт,
Андар сари зулфи хубрӯён гум шуд,
Торикшабе буд, касаш бознаёфт!

Султони ҷаҳон ҷаҳон биорост, бирафт,
Сарву чамани мулк биперост, бирафт,
Чун каҷравие бидид аз даври фалак,
Каҷро ба каҷон дод, раҳи рост бирафт!

Дилбар чу дилам ба ишва бирбуд, бирафт,
Ғамҳои маро ба ғамза бифзуд, бирафт,
Бас дер ба даст омаду бас зуд бирафт,
Оташ ба ман-андар заду чун дуд бирафт!

Эй дил, ба ҷуз он зулфи чу шастат нагирифт,
Ҷуз ғамзаи он наргиси мастат нагирифт.
Ме лоф задӣ,ки сабр дастат гирад,
Аз пой дарафтодиву дастат нагирифт!

Айше, ки намудам аз ҷавонӣ, ҳама рафт,
Аҳде, ки харидам аз ҷаҳон дамдама, рафт.
Ҳон, эй бузи ланги офариниш, биштоб
В-ин сабзаи орият раҳо кун, рама рафт!

Аз нозукӣ, эй санам, гули худрӯят
Хаста шавад аз тораи анбарбӯят.
З-ангуштнамои ошиқон дар кӯят,
Тарсам, ки нишон бимонад андар рӯят!

Чун ҳар ки зи хашми Эзидаш н-омад ёд
В-аз мартаба офтобро бор надод,
Аз марг ба як тапонча бар хок афтод,
Аҳсант, эй марг, ҳаргизат марг мабод!

Бо қадри ту оби осмон рехта бод,
Бо хоки дарат ситора омехта бод,
Гар кам кунад аз меҳри ту як мӯй фалак,
Хуршед аз ӯ ба мӯй овехта бод!

пешина
аз 328
навбатӣ