Мунтахаби девон

Шоҳо, ба Худое, ки туро бигзидаст,
Гар мулк чу ту Худойгоне дидаст,
Илло ту кӣ будаст, ки садбора ҷаҳон
Рӯзон бигрифтасту шабон бахшидаст!
Бар ҳар тарафам агарчи ёре дигар аст
В-андар ҳар гӯша ғамгусоре дигар аст,
Дар сар зи ғами туям хуморе дигар аст,
Маъшуқа туӣ, ишқи ту коре дигар аст!
Бо он ки дилам дар ғами ҳаҷрат хун аст,
Шодӣ ба ғами туам зи ғам афзун аст,
Андеша кунам ҳар даму гӯям, ё раб,
Ҳиҷрон-т чунин хуш аст, васлат чун аст?!
Ишқе, ки ҳама умр бимонад, ин аст,
Дарде, ки зи ман ҷон биситонад, ин аст,
Коре, ки касаш чора надонад, ин аст
В-он шаб, ки ба рӯзам нарасонад, ин аст!
Эй ояти лутфу ҳусн дар шони ту, дӯст,
Магзор маро дар ғами ҳиҷрони ту, дӯст,
Паймон машикан, ки то зиям, хоҳам дошт
Паймони ту, паймони ту, паймони ту дӯст!
Ҳар рӯз агар тозағаме бояд, ҳаст
В-аз ҷаври фалак навситаме бояд, ҳаст.
Дар ишқи ту гарчи он чи мебояд, нест,
Ин бас набувад, к-он чи намебояд, ҳаст?!
Пойи ту агарчи дар вафо маҳкам нест
В-аз дасти ту як дард маро марҳам нест,
Бо ин ҳама аз ғамат гурезам ҳам нест,
Дил беғам дор, к-аз ту дил беғам нест!
Чун оташи савдои ту ҷуз дуд надошт,
Мискин дили ман умеди беҳбуд надошт.
Дар ҷустани васли ту басе кӯшидам,
Чун бахт набуд, кӯшишам суд надошт!
Дилбар зи вафову меҳр яксар бигзашт,
То кори дилам зи дасти дилбар бигзашт.
Чун дид, к-аз ӯ қадам бар оташ дорам,
Бигзошт маро, ки обам аз сар бигзашт!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор