Мунтахаби девон

Ҷоно ба тани шикаставу азми дуруст
Он рӯз, ки дил дар талаби хидмати туст
В-ин рӯз чун навмед шуд аз васли ту чуст,
Дар сабр зад он даст, к-аз уммед бишуст.
Дар васли ту азми дили ман рӯзи нахуст,
Он буд, ки умр бо ту бигзорам чуст.
Кай донистам, ки баъд аз он азми дуруст
Он рӯз ба хоби шаб ҳаме бояд ҷуст!
Бо мӯза ба об-дар давидӣ зи нахуст,
То хирмани ман ба бод-бардодӣ чуст.
Чун тез шуд оташи дилам, гаштӣ суст,
Хокаш бар сар, ки ӯ зи хоки дари туст!
Дӯшинашаб арчи ҷонам аз ранҷ бикост,
Чун ту ба аёдат омадӣ, ранҷ равост.
Бар бӯи айёдати ту имшаб ҳама шаб
З-эзид ба дуо дард ҳамехоҳам хост!
Базме, ки шуд ин лаҳза ба рӯи ту ба рост,
Бархостаӣ, то биравӣ, ин чи хатост!
Маштоб, ки сад дил аз ту ором гирифт,
Биншин, ки ҳазор фитна бархоҳад хост!
То хирмани озро дилат паймона-ст,
Наздики ту ҷуз ҳадиси нон афсона-ст.
Хуш бош, ки як нима маро дар хона-ст,
Дар сунбулаи сипеҳр агар як дона-ст!
Ёқутлабо, шаҳду шакар дар лаби туст,
На-на, мадади чашмаи Кавсар лаби туст,
Чун қути дилу қуввати ҷон дар лаби туст,
Ҷовид зияд, ҳарки лабаш бар лаби туст!
Бар ҳар тарафе, ки лолазоре будаст,
Он лола зи хуни шаҳриёре будаст.
Ҳар шохи бунафша, к-аз замин сар барзад,
Мӯест, ки бар сари нигоре будаст.
Дар гӯши ту ҳарчи зару марворид аст,
Он аз руху аз дидаи ман дуздидаст!
Зулфайни ту з-он соя бар он пӯшидаст,
К-он бар руху чашми ман ҳама кас дидаст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор