Мунтахаби девон

Бар ҷаҳон хоҷагӣ ҳамеронӣ
Ҳунарат чию нисбати ту ба кӣ?!
Намаки деги хоҷагӣ ҷуд аст,
На бахилию хашму бенамакӣ!
Эй ки харчангу хорпуштӣ ту,
Садафӣ ояд аз ту, не фанакӣ!
Хоҷа, донам, ки пеши ҷайши сахо-ш
Мавҷи дарё ҳамекунад язакӣ.
Боз агар ту фуқаъ хӯрӣ ба масал
Чӯбаки кӯзаи фуқаъбимакӣ.
Аз ту як қатра хун ба ҳила чакад,
Дур аз ин ҷо агар зи ҳам бичакӣ.
Хоҷа ҳастӣ, чаро наомӯзӣ
Хоҷагӣ кардан аз Шаҳоби закӣ?!
ДАР ТАҚОЗО
Худовандо, ҳарифон омадастанд,
Ки то бо ман кунанд имшаб адилӣ.
Ба зар секӣ намеёбам дар ин шаҳр,
Вагарна нест дар табъам бахилӣ.
Ионат кун маро имшаб ба секӣ,
Ва ё берун кун инҳоро ба силӣ!
ҚАСАМ ДАР ТАВБАВУ ИНОБАТ
Ба Худое, ки бозгашт бад-ӯст,
Ки маро бозгашт нест ба май,
Магар аз баҳри ҳифзи қуввату бас,
Фориғ аз чангу нойу барбату най.
Фанак – гурбаи саҳроӣ, ки сафед буда, аз пӯсташ пӯстин бидӯзанд.
Ҷайш – лашкар.
Язак – муқаддимаи лашкар, ки посбонии онро бар дӯш дорад.
Фуқаъ – шароб.
Адилӣ – баробарӣ.
Секӣ – сеякӣ, мусаллас.
Ионат – ёрӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо