Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин доғе бимонад ё дареғе
В-аз он дуде барояд аз танӯре…

ҲАСБИ ҲОЛ

Касе, ки муддати сӣ сол шеъри ботил гуфт,
Худой бар ҳама коме-ш дод пирӯзӣ.

Кунун, ки рӯй ниҳад ҷумла дар ҳақиқати шаръ,
Чи эътиқод кунӣ, бозгирадаш рӯзе

Бирав, ки оқил аз ин ихтиёр он бинад,
Ки кишти ташна набинад зи абри наврӯзӣ.

Зи шеър нафси ту он борҳои ор кашид,
Ки чун ҳилол ба тифлӣ дароядаш кӯзӣ.

Зи шаръ ҷони ту он шуълаҳои нур кашад,
К-аз ӯ ба ҳар фалаке офтобе афрӯзӣ,

Валек то ту ҳамон уди вазн месозӣ,
Валек то ту ҳамон уди бадр месӯзӣ,

Ту ҳарфи шаръ кай орӣ бурун зи махраҷи шеър,
Чу илми он-т набошад, к-аз ин дар он тӯзӣ.

Ту «ро»-и шаръ ба охир ҳамебарию хатост
Чу «айн»-и шеър ба охир барӣ, биомӯзӣ!


Эй сар аз кибр бар фалак бурда,
Гашта гардон чу анҷуми фалакӣ,

Ба уқобӣ расида аз магасӣ,
Ба симокӣ расида аз самакӣ,

Бас, бас акнун, ки беш аз ин нарасад
Ҳошалиллоҳ, девро малакӣ!

Кӯзӣ – кӯзпуштӣ.
Тӯзӣ (аз тӯхтан) – ихтиёр бикунӣ.
«Айн»-и калимаи «шеър»-ро ба охир бибарӣ, «шаръ» мешавад, яъне, бо шаръ машғул бишав, ки шуғлат бо шеър хатост.
Самак – моҳӣ.
Ҳошалиллоҳ – пок аст Худо.

пешина
аз 328
навбатӣ