Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худ биё, то каж нишинам, рост гӯям як сухан,
То варақ чун ростбинон з-ин кажиҳо бистурӣ:

Ашк фазла-сту арақ фазла-сту дофеъ ҳаммизоҷ,
Ин якеро дар идоди он ду чун менашмарӣ?

Гар ту хоҳӣ гуфт: махраҷ дигар аст он фазларо,
Фазлаи занбӯрро ҳам чун ба махраҷ нангарӣ?!

Дафъи афзунӣ ба нисбат мухталиф гардад аз он-к
Ҳаст бозӯбандро дар гови баҳрӣ анбарӣ.

Меъда гар дар қай ҳаме имсок воҷиб доштӣ,
Кай ниҳодӣ кирми қаз аз ҷисм асоси шуштарӣ?

Илмро з-инҳо алам ҳаргиз куҷо гардад нагун,
Рафтани бозор н-орад рахна дар пайғамбарӣ!

Хоҷа Фахрӣ, эй машомат бӯи ҳикмат ёфта,
Гар ҳакимӣ, з-ин маъонӣ ранг, ҳон, то н-оварӣ!

Он чи ҳолӣ дар замир омад, ҳамин абёт буд,
К-андар ин маҳзар ба хатти хеш бинвишт Анварӣ.

ДАР МАЗАММАТИ КАС ГУФТА

Зи ҷинси мардумон машмор худро,
Гарат Яздон заре додасту зӯре,

Ҳунар бояд – чи рӯбоҳе чи шере,
Хирад бояд – чи Қоруне, чи уре!

Зи хашми ғолибу аз ҳирс бо барг
Ҳамин доранд ҳар морею мӯре!

Зи аспу тахти ту рашкам наояд,
На ман ҳамчун туам каррею кӯре!

Чи рашк ояд аз он чизам, ки гардун
Агар пеш орадат талхею шӯре,

Бистурдан – сутурдан, пок кардан.
Маънии ду байт: дафъи фазла яксон, вале муносибат ба он гуногун аст – масалан,
фазлаи гови баҳриро одамон чун анбар бозӯбанд мекунанд; агар меъда қай намекард,
кирми абрешим чӣ гуна торҳои нафис метанид?

пешина
аз 328
навбатӣ