Мунтахаби девон

ДАР УЗРИ ҚАЙ КАРДАН
ДАР МАҶЛИСИ ШАРОБ ГУФТА
Эй бародар, гар мизоҷ аз фазла холӣ омадӣ,
Одамӣ пас ё малак ё дев будӣ, ё парӣ
В-ар қувои мосику дофеъ набудӣ дар бадан,
Тифлро аз пояи аввал набудӣ бартарӣ.
Табъ агар дасти тасарруф баркашидӣ вақти хоб,
Шахсро бар дам задан ҳаргиз набудӣ қодирӣ.
Назди оқил ҳеҷ фарқе нест гоҳи маслиҳат -
Он чи бавле мекунӣ, то з-ончи обе мехӯрӣ.
Гар табиатро ба дасти одамӣ будӣ зимом,
Хандаи бевақтро хандида кардӣ доварӣ.
Дида бар овоз воҷиб дор, то бе шубҳате
Аз чунин гирдобҳои жарф ҷон берун барӣ.
Бодро мункир наӣ бе ихтиёр андар намоз,
Чизи дигарро чаро дар хобу мастӣ мункирӣ?
Феъли табъ аз роҳи тасхир аст бе ҳеҷ ихтиёр
Дар ҷамоду дар набот, он гоҳ дар мо барсарӣ.
Роҳи ҳикмат рав, ки дар маънии ин ҷинс аз улум
Раҳ ба душворӣ тавон бурд аз тариқи шоирӣ.
Чун ба вақти ҳушёрӣ барнаоӣ бо фувоқ,,
Гоҳи мастӣ бо ҳарифон чун ҳамон раҳ наспарӣ?
Гӯшу дил ҷунбону сокин дор, агар фоил туӣ, 3-он ки ин ҷо аз тариқи ҷабр чун дарнагзарӣ?
Дар гаронӣ кай шавад ҳаргиз инони офтоб,
Гарчи бисёре бикӯшад чун рикоби Муштарӣ!
Қувои мосику дофеъ – қувваҳое, ки ғизоро то ҳазм шудан дар бадан нигоҳ дошта, пас берун мекунанд.
Барсарӣ – иловагӣ.
Фувоқ – боде, ки аз сина барояд, ҳикак.
Фоил – соҳиби амал.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо