Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маро Саъдидин дод пироҳане,
Ки аз диданаш дида ҳайрон шудӣ,

Зи фарсудагӣ вақти пӯшиданаш
Тани марди пӯшида урён шудӣ,

Ба ҳар ҷо, ки осеби сар ёфтӣ,
Ба андозаи тан гиребон шудӣ!

ДАР НАСИҲАТУ МАВЪИЗАТ

Одат кун аз ҷаҳон се хислатро
Эй хоҷа, вақти мастию ҳушёрӣ,

Зеро ки растагор бад-он гардӣ,
Уммеди растагорӣ агар дорӣ.

Бо ҳеҷ кас нагашт хирад ҳамроҳ,
К-он ҳар серо накард харидорӣ,

Дар ҳеҷ дину кеш касе нашнид
Ҳаргиз аз ин се мартаба безорӣ.

Донӣ, ки чист он, бишунав аз ман:
Родию ростию камозорӣ!

ДАР МАВЪИЗАТ

Чаҳор чиз аст оини мардуми ҳунарӣ,
Ки мардуми ҳунарӣ з-ин чаҳор нест барӣ:

Яке саховати табъӣ чу дастгоҳ бувад,
Ба некномӣ онро бубахшию бихӯрӣ.

Ду дигар он, ки дили дӯстон наозорӣ,
Ки дӯст оина бошад, чу андар ӯ нигарӣ.

Се дигар он, ки забонро ба гоҳи гуфтани зишт
Нигоҳ дорӣ, то вақти узр ғам нахӯрӣ.

Чаҳорум он, ки касе, к-ӯ ба ҷои ту бад кард,
Чу узр хоҳад, номи гуноҳи ӯ набарӣ!

пешина
аз 328
навбатӣ