Мунтахаби девон

Маро зи хидмати ту ҷоҳи туст монеъу бас,
Ки ҳоил аст маро ҷоҳи бекаронаи ту,
Вагарна мардумаки чашми ман чи хоҳад, он,
Ки муътакиф бинишинад бар остонаи ту!
Чунон зиндагонӣ кун, эй некрой,
Ба вақте ки иқбол додат Худой,
Ки хоянд аз баҳрат ангушти даст,
Гарат бар замин омад ангушти пой!
Бар офтоби ҳаводис бисӯзам, авлотар,
Ки баҳри соя бувад бар сарам сипоси Ҳумой.
Аз ин сипас ману кунҷею хонаи торик,
Ки сард шуд дили ман бар ҳавои боғу сарой!
Сарахс аз ҷаври беобию обӣ Дареғо, рӯй дорад дар харобӣ.
Зи беобӣ халосаш додӣ, аммо
Худовандо, халосаш деҳ зи обӣ!
ДАР ҲАҶВИ ҚОЗӢ НОСЕҲ
Он, ки соя-ш кас надид аз ғояти сатру салоҳ,
Бо Салоҳи Солеҳӣ шуд офтоб аз возеҳӣ.
Гарчи ройи ҳушёрат носеҳи аҳволи туст,
Як насиҳат гӯш дор аз банда, қозӣ Носеҳӣ:
Ҳар ки бар даргоҳу андар маҷлиси туст аз хадам,
Дар салоҳи кори туст, илло Салоҳи Солеҳӣ!
Ҳоил – монеъ, боздоранда, чизе миёни ду чиз.
Муътакиф – гӯшанишин.
Обӣ – қабилае.
Маънии байт: занат, ки аз мастурӣ кас сояашро намедид, бо Салоҳ Солеҳӣ – мулозими қозӣ дар робита шуд ва ин чун офтоб равшан аст.
Хадам – ходим, хидматгор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо