Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вом будат гавҳаре бар осмон, маҳ з-осмон
Он расониду шуд аз ваҷҳи дигар дар воми ту.

Осмон аз воми ту ҳаргиз бурун н-ояд аз он-к

Дорад истизҳордавр аз даври беанҷоми ту.

То ки субҳу шом бошад дар қафои рӯзу шаб,
Дар қафои якдигар боданд субҳу шоми ту!

Чашмат аз рӯи карам бар Анварӣ боду мабод
Коми ӯро эътиқоди пок ҷуз дар коми ту!

Макси муҳсин дар ҷаҳон бисёр бошад, лоҷарам,
Болиғи ӯ тифли тусту пухтаи ӯ хоми ту!

ДАР ҶАВОБИ ШУҶОЪУДДИН ХОЛИДИ БАЛХӢ
ГУФТАВУ УЗРИ ТАҚСИР ХОСТА

Шуҷоъӣ, эй хату шеъри ту дому донаи ақл,
Ҳазор мурғи чу ман сайди дому донаи ту.

Зи ман замини Худованди ман бибӯсу бигӯй,
Ки эй замонаи фазлу ҳунар замонаи ту,

Назод модари гетӣ ба сад ҳазор қирон
На чун ту ё чу ҷигаргӯшаи ягонаи ту.

Чу гардаке, ки расонад замин ба домани ман,
Чу мӯяке, ки ситонад ҳаво зи шонаи ту.

Агар зи рӯи зарурат карона кардам дӯш
Зи хидмати тую берун шудам зи хонаи ту,

Ту бар замона на он паркушода симурғӣ,
Ки хобгоҳи магас шояд ошёнаи ту,

Зи ҷоҳи ту чи аҷаб, к-ахтарон карона кунанд
Бар осмон зи мувозоти осмонаи ту.

Макс – истодан, таваққуф.
Муҳсин – ааҳсинбоб.
Лоҷарам – ноилоҷ, ногузир, яқин.
Мувозот – баробарӣ.
Осмона – сақф; чодар.

пешина
аз 328
навбатӣ