Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Умри ту гавҳари гаронмоя-ст,
Ту – яке шоири гаронсоя,

Беш бар ёди жожи шеър мадеҳ,
Эй гаронсоя, он гаронмоя!

ДАР ТАЛАБИ ҲУЗУРИ ДӮСТЕ ГӮЯД

Надорад маҷлиси мо бе ту нуре,
Агарчӣ нест маҷлис дархӯри ту,
Чи фармоӣ, чи гӯӣ, маслиҳат чист –
Ту оӣ назди мо ё мо бари ту?

ДАР МАДҲУ ТАҲНИЯТ

Эй ҷаҳонро мавсими озодагӣ айёми ту,
Банда карда як ҷаҳон озодро инъоми ту.

Сурмаи чашми малак гардею он аз роҳи ту,
Ҳалқаи гӯши фалак ҳарфею он аз номи ту.

Дасти тақдир осмонро пай кунад, гар даври ӯ
Гом бардорад на бар вифқи муроду коми ту.

Ту ҷаҳони комилӣ андар ҷаҳони мухтасар,
Ҳафт иқлимат, ки боқӣ бод ҳафт андоми ту!

Ҷунбиши файзи карам з-ороми тӯфони ниёз.
То абад мақсур шуд бар ҷунбишу ороми ту.

Оз дар обу гили одам наомад, то надид
Ғояти серии хеш андар атои оми ту.

Табли бадхоҳи ту дар зери гилеми ҳодис аст,
То фалак зад бениёзиро алам бар боми ту.

Аз тасарруф даст барбандад кафат бар баҳру кон,
Осмонро гар иҷозат ёбад аз пайғоми ту...

Эй дар он андоза базми ҷонфизоят, к-андар ӯ
Офтобу моҳи нав зебад шаробу ҷоми ту.

Пай кунад – захмӣ кунад.
Вафқ – мувофиқ, созгор.
Ҳафт андоми зоҳирӣ – сар, сина, пушт, дастон, пойҳо; ҳафт андоми ботинӣ – димоғ, дил, ҷигар, сипурз, шуш, заҳра, меъда.

пешина
аз 328
навбатӣ