Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тӯфони мунозаат маянгез,
Эй сокини киштии шикаста!

Уф аз хӯру хоб, агар набудем
Дар силки таносуб аз ту раста!

ҲУЗУРИ ДӮСТЕ ХОҲАД

Эй заминро зи баҳри хидмати ту
Осмон борҳо сало гуфта

В-эй ба алмоси хотири ваққод
Дурри асрори ахтарон суфта,

3-эътидоли баҳори хотири ту
Бӯстони камол бишкуфта,

Домани ҳиммати ту гарди фасод
Аз муҳити фалак фурӯ руфта,

Ман зи бедории қазою қадар
Рӯзҳо ҳамчу бахти худ хуфта,

Ту напурсӣ, ки охират чун зад
Бар замни осмони ошуфта?!

ДАР НАСИҲАТИ НАФСИ ХУД

Анварӣ, шеъру ҳирс донӣ, чист?
Ин яке тифлу в-он дигар доя,

Пояи ҳирс гидяю тамаъанд,
То нагардӣ ба гирди он поя!

Тоҷ дорӣ хӯрусвор аз илм
Чи кунӣ ҳамчу мокиён хоя!

Гардану гӯши нафси мардумро
Ҳиммат омад беҳина пироя.

Мунозаат – ситеза.
Сало – садо, нидо.
Ваққод – расо, тез, равшан.
Беҳина – беҳтарин.
Пироя – ороиш.

пешина
аз 328
навбатӣ