Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДАР ҚАНОАТУ ХЕШТАНДОРӢ

Эй ба дарёи ақл карда шиноҳ
В-аз баду неки ин ҷаҳон огоҳ,

Чун кунӣ табъи поки хеш палид
Чи кунӣ рӯи сурхи хеш сиёҳ?

Нон фурӯ зан ба хуни дидаи хеш
В-аз дари ҳеҷ сифла сирка махоҳ!

МУТОИБА

Чанд маҳтоб бар ту паймояд
Ину он дар баҳои рӯи чу моҳ,

Эй дареғ, он бари чу сим сапед,
Ки фурӯшӣ ҳаме ба сими сиёҳ!

ДАР ЗАММИ ФУТӮҲИИ ШОИР

Эй бар дари бомдоди пиндор
Фориғ чу ҳама харон нишаста,

Номат ба миёни мардумон-дар
Чун оташи аз чинор ҷаста,

Моро фалаки газофпеша
Бар охури ширкати ту баста,

Нораста зи ҷаҳлу бурда ҳар рӯз
Навбоваи аҳмақӣ ба раста.

Бо шумии ҷаҳл ҳар ки дарсохт,
Фолаш накунад фалак хуҷаста.

Тифланд мумаййизону з-инанд
Аҳрор чу доя сина хаста.

Боре чу дарахти сустбехе
Кам деҳ ба табар зи шох даста.

Дар маҷлиси рӯзгорат ин бас,
К-аз дарза расидаӣ ба даста.

пешина
аз 328
навбатӣ