Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзии халқ то ба явмуддин
Гашта дар зиммати сахои ту дайн.

З-осмон то ба пояи шарафат
Аз замин то ба осмон мобайн.

Сақтаи ту саводи маскунро
Эй зи суккон-ш чун савод аз айн.

Ба ман аз қурбату бало овард,
Ки наовард Карбало ба Ҳусайн.

Набувад шайн, агар бувад оҷиз,
Эй зи гетӣ на аҷз дида, на шайн.

Қатрае аз таҳаммули киштӣ,
Уштуре аз таҳаммули кавнайн!

Эй саломат ба суҳбатат атшон
Чун ба оби ҳаёт Зулқарнайн.

3-орзӯи илоҷат аз дили пок
Дар ҳанин омада изоми Ҳунайн.

Гуфта будам, ба хидматат бирасам,
Хирадам гуфт: «Иннано мин айн,

Назди Симурғ таб аз он хуштар,
К-аш аёдат кунад ғуроб-ул-байн!»


Порагаке коҳу набизам фирист Ранҷи дили шоири султон бикоҳ!

Шукри чу шаккар кунам аз баҳри май,
Миннати чун кӯҳ бидорам зи коҳ!

Явмуддин – рӯзи қиёмат.
Сақта – суқут, афтодан.
Шайн – айб, нанг.
Кавнайн – ду дунё.
Атшон – ташна.
Изом – азм.
Иннано мин айн – ҳаққо, ки мо аз наздиконем (аз оёт).
К-аш – киаш, ки ӯро.
Набиз – шароб.

пешина
аз 328
навбатӣ