Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зи ҳасби ҳол дар ин қитъа рамзаке бишнав,

Чунон ки байнака рафта-ст дӣ парир вабайн.

Маро, ки тӯтии назмам дар инчунин ваҳале
Чу чӯҷа пой ба гил-дар набошад, охир, шайн

Агарчи батту ҳумоям кунад каромати ту,

Ба чӣ – ба зевари масҳию зинати ронайн,

Шавам чу ҳайъати кабки дарӣ саросар зеб,
Шавам чу пайкари товуси нар саросар зайн.

Кунам чу фохта дар гардан аз сипоси ту тавқ,
Аз он ки ҳаст дар ин гардан офарини ту дайн.

Сароямат ҳама ҷое ба шукр булбулвор,
Вагарна ноибакаш бодам аз ғуроб-ул-байн.

Бақо-т бод ба хубию хуррамӣ чандон,
Ки абҷадат маниҳад бор ҷуз ба манзили ғайн,

Ҳасудиҷоҳи туро он алам, ки дар ҳама умр 1011 Ҳанини ӯ накунад кам илоҷҳои Ҳунайн!

ЗАЙНУДДИН АБДУЛЛО АЗ ХАҶИР

АФТОДАВУ ҲАКИМ БА АЁДАТИ Ӯ НАРАФТА БУД,

ДАР УЗРИ ТАҚСИРИ ХЕШ ГУФТА

Эй бузурге, ки аз шамоилу қадр

Мулкро зинатию динро зайн.

Нури ройи ту фоликуласбоҳ,
Кафу килки ту маҷмаъулбаҳрайн.

Чунон ки дирӯз байни мо воқеъ шуд.
Ваҳал – лойдон; ботлоқ.
Шайн – айб, шарм.
Бат(т) – мурғобӣ.
Зайн – зинат, зеб.
Дайн – сабт, далел.
Ноибакаш – нолакун, марсияхон.
Ғуробулбайн – зоғи сиёҳе, ки ҳар ҷо нишинад, байни дӯстон ҷудоӣ биафтад.
Ғайн – охирин ҳарфи абҷад, ки ба 1 000 баробар аст.
Ҳанин – нола, зора.
Ҳунайн – мӯзадӯзе, ки як ҷуфт мӯзаашро ба як шутур фурӯхта, боиси пушаймонии мӯзахар шудааст.
Фоликуласбоҳ – кушоянда, фатҳкунандаи субҳҳо.
Маҷмаъулбаҳрайн – ҷамъи баҳрҳо; маҷозан сахӣ, боҳиммат.

пешина
аз 328
навбатӣ