Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

НУКТАИ МАВЗУН

Нашояд баҳри одоби надимӣ
Дигар бар ҷону дил меҳнат ниҳодан,

Забон кардан ба назму наср ҷорӣ,
Зи хотир нуктаҳои бикр зодан,

Ки бозояд ҳама кори надимон
Ба силӣ хӯрдану дашном додан!

ДАР БАЛАНДИИ ҲИММАТ
ВА КАМОЛИ НАФСИ ХУД

Саги хашму хари шаҳват, ки забунгире нест
Тездандонтар аз ин ҳарду дар ин хоки куҳан,

Нафси ман, к-ӯ малаки мамлакати шахси ман аст,
Ҳардуро сухраи худ карда ба таъдиби сухан...

АЗ БУЗУРГЕ МАСҲИВУ РОНАЙН ХОҲАД

Ҳисоми давлату дин, эй Худой дода туро
Ҷамоли Аҳмаду ҷуди Алию номи Ҳусайн,

Ниҳоди одам лафзу ту чун мурод аз лафз
Саводи олам айну ту чун савод аз айн.

Инояти азалӣ сурати ту чун бингошт ,
Навишт нусхаи равшан зи ҳосили кавнайн.

Саодати фалакӣ тинати ту чун бисиришт,
Намуд аз дилу дасти ту маҷмаъулбаҳрайн.

Рухи ту оби ҳаёт асту ташнатар ҳар рӯз
Ба дидани ту худованд сад чу Зулқарнайн.

Чу зикри ҷоҳи ту карданд осмон «манҳӯ»,
Чу арзи қадри ту доданд ахтарон «мин айн».

Сухра – масхара, хандахариш.
Аз адаб – адаб омӯхтан, адаб нишон додан.
Ронайн – шалвор.
Айн – чашм.
Кавнайн – ду дунё.
Ишора ба оби ҳаёт ҷустану онро ёфтани Искандари Зулқарнайн.
Мин айн – аз куҷост?

пешина
аз 328
навбатӣ