Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

На тулӯъ аст мар-варо, на ғуруб,
Саъб корест ин аёли гарон!

ДАР ҚАНОАТ

Моро бурун зи ҳикмати юнониён чу ҳаст
Тақлиди маккиёну қиёсоти кӯфиён,
Нони ҳалоли касб хӯрем аз тариқи илм,
Идрор чун хӯрем чу ҷуҳҳол суфиён?!

ДАР ТАЛАБИ ШАРОБ

Хоҷа Исфандиёр, медонӣ,
Ки баранҷам зи чархи рӯинтан,

Ман на Суҳробаму вале бо ман
Рустамӣ мекунад маҳи Баҳман.

Хиради Золро бипурсидам:
Ҳолатамро чи ҳилат асту чи фан,

Гуфт: Афросиёби вақт шавӣ,
Гар ба даст оварӣ аз он ду-се ман –

Бодаи чун дами Сиёвушон
Сурх, на тира чун чаҳи Бежан!

Гар фиристӣ, туӣ Фаридунам,
Варна рӯзе, наъузубиллаҳ, ман

Ҳамчу Заҳҳок ногаҳон печам
Морҳои ҳиҷо-т бар гардан!

ТАЛАБИ ПУНБАВУ РАВҒАН КУНАД

Аё Хуршеду Маҳ дар пеши ройат тираю торӣ,
Ба рӯзу шаб гаҳе Хуршеду Моҳам суқбаи равзан,

Пас, ин сардию торикӣ,ки дар ман ҳаст, бозам хар
Аз ин сардию торикӣ ба андак пунбаю равған!

Торӣ – торик.
Суқба – сӯрох.
Барои чароғаш пунбаю равған хостааст.

пешина
аз 328
навбатӣ