Мунтахаби девон

ДАР ШИКОЯТИ АҲЛИ ЗАМОН
Рӯбаҳе медавид аз ғами ҷон,
Рӯбаҳе дигараш бидид чунон,
Гуфт: «Хайр аст, бозгӯй хабар!»
Гуфт: «Харгир мекунад султон!»
Гуфт: Ту хар наӣ, чӣ метарсӣ?»
Гуфт: «Оре, валек одамиён
Менадонанду фарқ менакунанд,
Хару рӯбоҳашон бувад яксон!
3-он ҳаметарсам, эй бародар, ман
Ки чу хар барниҳандамон полон!
Хар зи рӯбоҳ мебинашносанд
Ин-т кунихарону бехабарон!»
НАСИҲАТ
Камаёлӣ саодатест, ки мард
Наравад ҷуз ба ройи хеш бад-он.
Мардро низ банди тахтаю ғул
Ҷуз аёли гарон мадон ба ҷаҳон.
Гарчи мардонагӣ ба ҷаҳд кунад,
Натавонад шуд аз миён ба карон.
Дар кавокиб нигоҳ кун ба шигифт,
То бубинӣ далели ин ба аён:
Моҳ танҳост, з-ин сабаб шабу рӯз
Мекунад гирди осмон ҷавлон,
Гоҳ бошад ба Шарқу, гоҳ ба Ғарб,
Гоҳ дар Ҳуту гоҳ дар Саратон.
Наъши мискин, ки духтарон дорад
Лоҷарам, волаасту саргардон.
Наъш – ҷасад, мурда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо