Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То бувад рост ҳисобаш чу ҳисоби Санҷар,
Чунки «вов»-е, ки на мақрӯст, кунӣ з-ӯ нуқсон.

Гар касе гӯяд: мо сад ҳама Санҷар номем,
Гӯямаш: не, не, «Мункам» чу улулумр бихон,

З-он ки «ман кам» зи шумо бошад аз рӯи луғат,
Боз аз рӯи ҳисоб ар ту бихонӣ – султон.

Пас, яқин шуд, ки пас аз Бориву пайбари Ҳақ
Нарасад бар ҳама офоқ ҷуз ӯро фармон.

Эй се қарн аз мадади адли туву раҳмати ту
Буда суккони замин бехабар аз даври замон.

Эй баҳақ сояи он кас, ки туро ҳофиз ӯст,
То бувад сояву хуршед, дар ӯ ҳифз бимон!

ДАР ИЗҲОРИ НЕКНАФСИИ ХУД ГУФТААСТ

Ман тавонам, ки нагӯям бади кас дар ҳама умр,
Натавонам, ки нагӯянд маро бад дигарон.

Гар ҷаҳон ҷумла ба бад гуфтани ман бархезанд,
Ману ин кунҷу ба ибрат ба ҷаҳон дарнигарон.

Дар баду неки ҷаҳон дил натавон баст аз он-к
Гузарон аст баду неки ҷаҳони гузарон.

Ҷуз накӯӣ накунам бо ҳама, то даст расад,
Ки бар ангушт напечанд бадам бехабарон.

Нафси ман бартар аз он аст, ки маҷрӯҳ шавад,
Хосса, аз гап задани беҳудаи бебасарон.

Гов дар хирмани ман ҳаст, маро мешояд,

Ришиговӣбувад обистанӣ аз кунихарон!

«Ва маънӣ он аст, ки ба ҳисоби ҷумал «син» шаст бувад ва «нун» панҷоҳ ва «ҷим» се ва «ро» дувист, маҷмӯи он сесаду сездаҳ бошад. Бар адади анбиё ва «офаридгори таъоло» «улуламр»-ро ба одамиён ҳаволат фармуда ба лафзи «мункам», яъне, он «улуламр» аз шумо бошад; ва «мим» чиҳил буд, «нун» панҷоҳ, «коф» бист ва «мим»
чиҳил ва маҷмуи ин адад садупанҷоҳ бувад ва «султон» ҳам ба ҳисоби ҷумал садупанҷоҳ бувад» («Девони Анварӣ»).
Ба ангушт печидан – ёд доштан.

пешина
аз 328
навбатӣ