Мунтахаби девон

Шеър бурдам хоҷаро, ҳолӣ ҷавобе бозгуфт,
Лафзу маънӣ ҳамчунон– яъне, ки мо ҳампешаем.
Қисса то кай гӯям, азбас хоби харгӯши хасон
Рост чун шерон ба шаб оташ зада дар бешаем!
Хотир аз андеша оҷиз гашту нақди киса ин:
«Дер шуд, маъзур медор,андар ин андешаем!»
ШАРОБ ХОҲАД
Эй зи нури шаробхонаи ту
Рӯи офоқ ҳамчу дасти Калим.
Як суроҳӣ шароби ноб фирист,
Бошад он назди ҳиммати ту салим,
Ҳаст ноёб бода андар шаҳр,
Варна аз давлати ту дорам сим!
ФӢ СУЛТОН САНҶАР
Эй хирадманд, агар ҳуш суи ман дорӣ,
Қитъае бар ту бихонам, ки аҷаб монӣ аз он,
Дар ҷаҳондориву фармондеҳии халқи Худой
Дар сарафрозии султон бинамоям бурҳон:
Сесаду сезда пайғамбари мурсал буданд,
Ки фиристод ба ҳар вақт якеро Яздон.
Номи султон ба ҷумал чун адади ишон аст,
Пас бувад қоидаи назми ҷаҳон чун ишон.
Фари ӯ ҳарки бибинад, диҳад инсоф, ки ӯ
Подшоҳест баҳақ бар ҳама маъмури ҷаҳон.
Гар туро шубҳату шаккест дар ин, донӣ, чӣ,
Шубҳату шакки туро ҳал накунад ҷуз «Қуръон».
Шав, улулумр бихон, пас адади он бишумор,
Ба ҳисоби ҷумалу маблағи он нек бидон.
Калим – Мӯсо-пайғамбар; ишора ба дасти ӯ, ки нур мепошидааст.
Фӣ – ба; пеши, назди; ҳузури.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо