Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин яке шаб ҳама шаб дар ғаму андешаи он,
К-аз куҷо в-аз кию чун касб кунам панҷ дирам

В-он дигар рӯз ҳама рӯз дар он меҳнату банд,
Ки кунам васфи лаби чун шакару зулфи баҳам

В-он се дигар чу саги хаста, тасаллӣ-ш бад-он,
Ки забуне ба каф орам, ки аз ӯ ояд кам.

Чун Худо ин се саги гурснаро, ҳошо, к-ам
Бозкард аз сари ман бандаи оҷиз ба карам.

Ғазалу мадҳу ҳиҷо гӯям, ё Раб, зинҳор!
Баски бо нафс ҷафо кардаму бо ақл ситам!

Анварӣ, лоф задан сирати мардон набувад,
Чун задӣ, боре мардона биафшор қадам,

Гӯшае гиру сари роҳи наҷоте биталаб,
Ки на бас дер сар ояд ба ту-бар ин ду-се дам!


Корҳоро талаб макун ғоят,
То намонӣ зи кори дил маҳрум.

Зиракон ин масал накӯ задаанд:
«Талабулғоя», эй бародар, шум!

ДАР РИЁЗАТИ ХОТИР

Чун ман ба раҳи сухан фароз оям
Хоҳам, ки қасидае биороям,

Эзид донад, ки ҷони мискинро
То чанд аною ранҷ фармоям.

Сад бор ба уқда даршавам, то ман
Аз уҳдаи як сухан бурун оям!

МАЗАММАТИ МАМДӮҲЕ, КИ ВАЪДАИ СИЛА
БАД-Ӯ ДОДАВУ ВАФО НАКАРДА

Кирдгоро, муштаранде деҳ ҷаҳонро хуштарош,
То ки аз қавме, ки ҳам эшону ҳам мо тешаем.

Муштаранд – ранда.

пешина
аз 328
навбатӣ