Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боварам андар ин ҳадис аз он-к
Саъб ранҷуру нек бебаргам!

ДАР ҲАСБИ ҲОЛ

Аз суханҳои азби шаккартаъм
Дар даҳони замона нӯш манам,

Лекин аз радди самъи мустамеъон
Бо забоне чунин хамӯш манам,

Дар завоёи растаи маънӣ
Муфлиси кимиёфурӯш манам!

ДАР НАСИҲАТ

Ғам ба такаллуф ба сари ман мабар,
3-он ки ба саъйи ту таносоншавам!

Мар худ агар модари ғам аждаҳост,
То ки бизояд, ба сари он шавам!

Пурсию гӯӣ, ки зи ман бад магӯй,
Рӯзи дигар бо ту дигар сон шавам!

Чун ту наям ман, ки ба ҳар хурдае
Гаҳ ба фулон, гоҳ ба беҳмон шавам!

ДАР УЗЛАТУ ҚАНОАТ ВА
ҚИССАИ ШЕЪР ГУФТАНИ ХУД

Дӣ маро ошиқаке гуфт: «Ғазал мегӯӣ?»
Гуфтам; «Аз мадҳу ҳиҷо даст биафшондам ҳам!»

Гуфт: «Чун?» Гуфтамаш: «Он ҳолати гумроҳӣ рафт.
Ҳолати рафта дигар бознаояд зи адам!

Ғазалу мадҳу ҳиҷо ҳар се бад-он мегуфтам,
Ки маро шаҳвату ҳирсу ғазабе буд баҳам.

Саъб – вазнин, тоқатфарсо.
Нек бебарг – сахт бенаво.
Азб – ширин, гуворо.
Самъи мустамеъон – гӯши шунавандаҳо.
Завоё – зовияҳо, гирду атроф.
Кимиёфурӯш – қашшоқи нодирафурӯш.
Таносон – осуда.

пешина
аз 328
навбатӣ