Мунтахаби девон

Роҳат чи гуна ёбам, фазл аст монеъам,
Қисса чи гуна хонам, ақл аст возеъам.
Дар рӯи ҳар ки хандам, аз он кас қафо хӯрам,
Касро гуноҳ нест, чунин аст толеъам!
Назди хавос ҳашви вуҷудам чу вови «амр»,
Пеши авом чун алифи «бисм» зоеъам.
Ин аст айби ман, ки на дурӯ, на муфсидам
В-ин аст ҷурми ман, ки на хоин, на томеъам.
Дар шуғл шокирам, ба гаҳи азл собирам,
Гар ҳаст, розиям, пас, агар нест, қонеъам.
Дар ҳалли мушкилот чу хуршеди равшанам,
Дар қатъи муъзалот чу шамшери қотеъам.
Бар ақлу ройу покдилӣ фазли ман гувост,
Ёри мувофиқам, на ки хасми мунозеъам!
Шавад зиёдат шодию ғам шавад нуқсон,
Чу шукру сабр кунӣ дар миёни шодию ғам.
Зи шукр гардад неъмат бар аҳли неъмат беш,
Ба сабр гардад меҳнат бар аҳли меҳнат кам.
ДАР ИФЛОС ВА РАНҶУРИИ ХУД
Ба Худое, ки зиндаю боқист,
Ки ман имрӯз толиби маргам,
Возеъ – халалдиҳанда.
Қафо хурдан – аз паси гардан мушт хӯрдан; аз қафо шатта хӯрдан.
Хавос – хосон, хосҳо.
Ҳашв – зиёдатӣ, нолозим.
Вови амр – ба хати арабӣ дар охири калимаи «амр» ҳарфи «вов» илова мешавад, вале хонда на.
Авом – омиён.
Калимаи «бисм» мухтасари «би исм» аст, ки «алиф»-аш ҳазф шудааст.
Томеъ – тамаъкор.
Азл – бекорӣ.
Муъзалот – печида; муаммои печдарпеч.
Мунозеъ – мунозиракунанда, ситезакор.
Ифлос – камбизоатӣ, қашшоқӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо