Мунтахаби девон

Пеши ҳамчун худе зи силии оз
Сараки пеш дарфигандаи хеш,
Шукр кун, к-ин замон-ш мебинӣ
Хоҷаи дигарону бандаи хеш!
ДАР ШИКОЯТ АЗ МАМДӮҲИ
ХЕШ ҲАМИДДУДИН
Дароз гашт ҳадиси дароздастии мо,
Сапед гашт ба як раҳ сапедкории барф.
Замину об ду феъланд – пурманофеи сахт,
Ҳавою об ду баҳранд – пуруфунати жарф.
Фиғони ман ҳама з-ин айши талху рӯи туруш, 123 Чунон ки қаляи афъӣ хӯрӣ бариқи тарф.
Фиғони ман зи Худованди ман — Ҳамидуддин,
Ки аз вуҷуди ман ӯро фароғатест шигарф.
Дар инчунин маҳу мавсим, ки диръи моҳиро.
Зи зӯри ларзаи дарё на қубба монду на зарф,
Ба сад ҳазор такаллуф ба хидматаш бурдам
Қасидае, ки на нақдаш иёр ёфт, на сарф.
Зи арз кардану нокарданаш, чунон ки кунанд,
Хабар накард маро баъди ҳафтае ба ду ҳарф!
Ҷомаи азрақ ҳамепӯшию наздики ту на
Аз ҳалоли касб то нони гадоӣ ҳеҷ фарқ,
Чун алиф кам кардӣ аз азрақту, яъне ростӣ,
Ҳосиле н-омад аз он азрақ туро илло ки зарқ!
Қаля – қайла.
Бариқ – рахшон.
Тарф – ғунда.
Шигарф – аҷиб.
Диръ – пулакча; зиреҳ.
Қубба – гунбад, торак, боло.
Иёр – аёр, маҳак.
Сарф – музд; харҷ.
Азрақ – кабуд, нилӣ. Ишора ба зоҳидон.
Аз «азрақ» алифро бигирӣ, «зарқ», яъне фиреб мемонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо